(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки фаъолони шаҳр мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода баргузор шуд.

Вохӯриро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ифтитоҳ бахшида, ҳадафи онро омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» унвон намуд.
Сипас, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сухан гуфт. Иброз гардид, ки «ин ҳуҷҷати муҳим идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин буда, роҳи рушду пешрафти Тоҷикистонро дар ояндаи наздик муайян мекунад. Он ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳо ва дурнамои рушди устувори мамлакат ҳама самтҳои рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар мавзуъҳои муҳимро дар бар мегирад».
Таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули фарҳанги ҳуқукҳои инсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар ин замина дар барқарор намудани сохтори конститутсионии давлат нақши бориз гузоштааст. Албатта дар таҳкимёбии меъёрҳои ин санади олии ҳуқуқӣ бошад нақши Эъломияи Куруши Кабир, ки бевосита адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳамзамон, қонуни ҳуқуқию қонуниятро дар меҳвари меъёрҳояш қарор додааст нақши ҳалкунанда дорад. Эъломияи Куруши Кабир, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстию меҳанпарастӣ маншаъ мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихӣ-ҳуқуқиест, ки дар он эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқ ва қонун ва ҳамзамон ҳуқуқу озодиҳон инсон дарҷ гардидааст. Дар даврони ҳукумронии Куруши Кабир ва замони мавҷудияти давлати Ҳахоманишиён низоми муайяни қонунгузорӣ ва ҳуқуқӣ ба вуҷуд омада буд. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои давлатдории он замон ин қабули Эъломияи Куруши Кабир ба ҳисоб мерафт, зеро ин санади ҳуқуқӣ нахустин санади ҳуқуқие буд, ки дар он вазъи ҳуқуқу озодиҳон инсон, эҳтироми ҳамдигарӣ, адолат, қонуният, тартиботи муайяни ҳуқуқӣ ва рафтори ҳуқуқӣ, озодии эътиқод ва дин, ҳифзи ҳуқуқҳои ақалиятҳои миллӣ дар як низоми муайян гарор гирифта буд.
Дар мулоқот Саидалӣ Бобохонзода, роҳбари дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баромад карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бо иқдоми Пешвои Миллат, давлати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки ҷонибдори роҳи қонунии инкишофи минбаъдаи ҷомеа, дар заминаи арзишҳои волои ҳуқуқӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайн бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дар асоси принсипҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Самтҳои нави сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон собит намуд, ки мутобиқ ба талабот ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ халқи Тоҷикистон ҷонибдори сулҳ, эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва давлате мебошад, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҷойгоҳи махсус доранд.
Мулоқот бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...