9795
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
16 Апрел 2026
Субҳи имрӯз, санаи 16-уми апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вобаста ба нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, баланд бардоштани маърифати ҳукуқӣ ва сиёсӣ миёни ҷавонон ва наврасон, фаҳмондани хатари экстремизми хушунатомез ва терроризм ба амнияти ҷомеа ва давлат, амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва тасдиқи нақшаи амалҳо оид ба татбиқи Стратегияи мазкур барои солҳои 2026-2030, таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, пешгирии омилҳои ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура баргузор шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар мулоқот прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм ва терроризми Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Нурзода, прокурори шуъбаи назорати иҷрои қонун дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари прокуратураи вилояти Суғд Акбар Қаноатзода ва прокурори шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Нозимзода ҳузур доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мулоқот дар баробари масоили рӯзмарраи ҷомеа, ҳамчунин доир ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” иҷрои қонунгузории кишвар дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Сипас, Муҳаммад Нурзода, прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм ва терроризми Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар шароити кунунӣ яке аз хатарҳои ҷиддитарин ба амнияти давлату миллат раванди радикализатсия ва дохилшавии ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад. Таҳлилҳои илмӣ-сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки экстремизм аксаран дар ҷойҳое реша медавонад, ки дар он ҷо холигии идеологӣ ва сатҳи пасти худшиносӣ мавҷуд бошад. Ҷавоне, ки аз таърихи давлатдории ниёгони худ, аз корнамоиҳои Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва дигар чеҳраҳои барҷастаи миллат огоҳӣ надошта, корнамоиҳои Пешвои муаззами миллатро қадр наменамояд, ба зудӣ таҳти таъсири мафкураҳои бегона ва ифротии «миллатбезорон» қарор мегирад. Гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва хоинони миллат бо истифода аз нофаҳмӣ ва осебпазирии психологии ҷавонон арзишҳои диниро ғаразнок тафсир намуда, онҳоро бар зидди сохти конститутсионии мамлакат ва суботи ҷомеа равона месозанд. Ин ҷараён на танҳо хиёнат ба давлат, балки хиёнат ба решаҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик мебошад, ки ин миллат бо роҳбарии Пешвои муаззамаш ҳамеша бо таҳаммулгароӣ ва фарҳангдӯстӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Соли 2026 ҳамчун соли худшиносӣ ва созандагӣ барои миллати мо марҳилаи нави эҳёи маънавӣ хоҳад буд. Таҳкими ҳувияти миллӣ, муборизаи беамон бар зидди ифротгароӣ, маҳкум намудани хиёнаткорони Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободонии диёр вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад. Мо бояд дар соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар паҳлуи Пешвои миллат бо иродаи қавӣ ва тафаккури миллӣ сарҷамъ гардида, ба сӯи ваҳдати комил қадами устувор гузорем. Танҳо худшиносии амиқ ва худогоҳӣ аз таъриху миллат метавонад кафолати абадияти давлат ва миллати сарбаланди тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бошад.
Акбар Қаноатзода, прокурори шуъбаи назорати иҷрои қонун дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари прокуратураи вилояти Суғд зимни маърӯзаи худ роҷеъ ба хатари экстремизм ва терроризм дар ҷомеа изҳори андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм таҷрибаи муайяни ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ ба даст овардааст. Дар кишвар қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки ҳадафи онҳо пешгирӣ ва коҳиш додани омилҳои ба ин падидаҳо мусоидаткунанда мебошад. Аз ҷумла, қонунгузории миллӣ фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва террористиро қатъиян манъ намуда, барои пешгирии паҳншавии онҳо заминаи ҳуқуқии устувор фароҳам овардааст. Илова бар ин, дар сатҳи давлатӣ ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шудааст. Танҳо дар натиҷаи ҳамоҳангии фаъолияти ҳамаи ин ниҳодҳо метавон ба натиҷаҳои назаррас дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок ноил гардид. Ҳамкории байналмилалӣ низ дар ин самт аҳамияти калон дорад, зеро терроризм ва экстремизм сарҳад намешиносанд ва хусусияти фаромиллӣ доранд.
Прокурори шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Нозимзода доир ба вазъи ҷинояткорӣ ва пешгирии он изҳори андешаронӣ намуда, зикр дошт, ки ҷомеаи муосир бо равандҳои мураккаби иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ аст, ки яке аз паёмадҳои манфии он афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни наврасон ба шумор меравад. Ин зуҳурот на танҳо амнияти ҷамъиятиро халалдор месозад, балки ба рушду тарбияи насли ҷавон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ин раванд дар канор нест. Аз ин рӯ, омӯзиши омилҳо, заминаҳо ва роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Самти асосии таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат ин пурзӯр намудани нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун кафили амалишавии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани батанзимдарории ҳуқуқии пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар соҳаи иттилоот, коррупсия, терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба ин гуна зуҳурот мусоидаткунанда, рушди ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани боварии шаҳрвандон нисбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми судӣ, самаранок ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва таҳким бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Пешгирии ҷинояткорӣ дар шароити муосир яке аз омилҳои асосии таъмини субот ва оромӣ дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, он ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ бояд мусоидат намояд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқотро ҳусни анҷом бахшида, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ байни аҳолӣ, пешгирии ҳамагуна қонуншиканиҳо, тарғиби дастовардҳои Истиқлолият ва ташвиқи сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Роҳбарияти Давлату Ҳукумат ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд
Шарҳ додан