11 Апрел 2026
Бо ташаббуси Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар асоси фармоиши Раёсати маорифи вилоят бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон ва 20-солагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, озмуни саросарии “Кайҳон аз нигоҳи кӯдакон” бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Озмуни мазкур аз се давр: мактабӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ иборат буда, имсол бо ҷалби васеи иштирокчиён фарқ кард. Бо истифода аз имкониятҳои муосир, қабули дархостҳо тариқи онлайн низ ба роҳ монда шуда, хонандагон на танҳо аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, балки аз кишварҳои хориҷӣ — Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ фаъолона иштирок намуданд.
Тибқи омор: зиёда аз 50 000 хонанда дар даври мактабӣ, беш аз 22 000 нафар дар даври шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ва зиёда аз 1000 нафар беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.
Даври вилоятии озмун, ки дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ баргузор гардид, хонандагон аз 18 шаҳру ноҳия, аз ҷумла минтақаҳои дурдаст ба мисли Айнӣ ва Панҷакент, дар чорабинии мазкур ҳузур доштанд.
Озмуни имсола ба ифтихори 65-солагии нахустин парвози инсон ба кайҳон бахшида шуда, аз рӯи бахшҳои гуногун — расмкашӣ, газетаи деворӣ, макетсозӣ, ихтироъкорӣ, расм дар рӯи мумфарш ва ҳунарҳои дастӣ доир шуд.
Дар доираи чорабинӣ зиёда аз 200 нафар ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои арзишманди Раёсати маорифи вилоят, Планетарий ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва Хонаи Русия дар шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардиданд.
Дар маросими даври ниҳоии озмун намояндаи Раёсати маорифи вилоят Зубайдуллозода Ибодулло, рохбари хонаи Русия дар шаҳри Хуҷанд Татяна Степанова, муовини консули генералии Федератсия Руссия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Волф ва директори Планетарий ба номи Абумахмуди Хучанди Фирдавс Ашурматов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангии ҷолиб, ки аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо омода гардида буд ба он ҳусни тоза зам намуд.
Озмун бо руҳияи баланд ҷамъбаст гардида, барои рушди тафаккури эҷодӣ ва шавқи кӯдакон ба илму кашфиёт такони ҷиддӣ бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







