11 Апрел 2026
Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд (паҳлӯи Дармонгоҳи дандонпизишкии бачагонаи шаҳр) “Хонаи ҳусн” ва курси кӯтоҳмуддати асосҳои омӯзиши косметология дар назди кошонаҳои ҳусни Маркази омӯзишии «Мақсад» бо пуштибони аз сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати бо дастовардҳои шоиста истиқбол намудани ҷашни мубораки миллӣ 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Комилҷон Комилов таъсис дода шудааст.
Бояд қайд намуд, ки соҳибкор Комилҷон Комилов ҳамчун нишони арҷгузорӣ ва эҳтирому самимияти беандоза ба шахсияти зиндагиофар ва ҳастисози хеш модари арҷманди худ, омӯзгори варзида, роҳнамою ҳидоятгари ҳазорон шогирдон, доктори илмҳои биологӣ, дотсенти кафедраи кори тиббӣ-биологии факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Мақсадой Обидова ташкил ва ба ифтихори эшон «Мақсад» номгузорӣ намуд.
“Хонаи ҳусн” ва дар ин замина ташкили курси кӯтоҳмуддати асосҳои омӯзиши косметология дар кошонаҳои ҳусни Маркази омӯзишии «Мақсад» дар паҳлуи бинои Дармонгоҳи дандонпизишкии бачагонаи шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, он аз 10 утоқи алоҳидаи корӣ ва ёрирасон иборат буда, минбаъд то 15 нафар имконият доранд бо ҷойи кории доимӣ таъмин гарданд.
Тазаккур бояд дод, ки фаъолияти маркази мазкур асосан дар ду ҷода ба роҳ монда шуда, яке аз самти фаъолият ин хизматрасониҳои косметологӣ ба бонувон буда, самти дигари фаъолият ин тибқи Иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 декабри соли 2025, №5543 ба роҳ мондани курсҳои кӯтоҳмуддати асосҳои омӯзиши косметология дар кошонаҳои ҳусн мебошад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки дар курсҳои кӯтоҳмуддати асосҳои омӯзиши косметология дар кошонаҳои ҳусн духтарону бонувон имконият доранд, ки 2 моҳ ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз нозукиҳои касби мазкур бархурдор шаванд ва баъди хатм соҳиби Шаҳодатномаи расмӣ гарданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки 25 декабри соли 2025 аз ҷониби соҳибкори мазкур Комилҷон Комилов дар микроноҳияи 28 – уми маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд бо шукӯҳу шаҳомати хосса мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Соҳибкор Комилҷон Комилов ният дорад, ки то охир сол як филиали дигар дар маркази шаҳр ва синфхонаҳои иловагӣ дар бинои асосии Маркази омӯзишии «Мақсад»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ояндаи наздик муассисаи таълимии таҳсилоти томактабӣ ва муассисаи таълимии миёнаи умумиро бунёд ва ба истифода диҳад.







