04 Апрел 2026
Озмуни «Омӯзгори сол» яке аз чорабиниҳои муҳими соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, бо мақсади баланд бардоштани мақоми омӯзгор, такмили маҳорати касбӣ ва дарёфти омӯзгорони болаёқат баргузор мегардад.
Ин чорабинӣ дар партави сиёсати маорифпарварона ва ғамхории беандоза нисбат ба соҳаи маориф ва омӯзгорон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст ва мо аз ин иқдом ифтихор мекунем.
Қобили зикр аст, ки озмуни мазкур дар шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар давраи якум 36 нафар омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона иштирок намуданд.
Бо натиҷагирӣ аз давраи аввал, 19 нафар омӯзгорони беҳтарин ба давраи дуюм роҳ ёфта, дар МТМУ №18-и шаҳри Хуҷанд дарсҳои намунавии худро пешниҳод намуданд.
Дар мушоҳидаи дарсҳои намунавӣ мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Мадина Салимзода ва ҳайати доварон иштирок намуда, онро баҳогузорӣ карданд.
Дар ин марҳила, ҳар як иштирокчӣ кӯшиш менамояд, ки дониш, малака ва усулҳои муосири таълимии худро ба таври шоиста муаррифӣ намояд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки омӯзгороне, ки дорои дониши амиқ, маҳорати баланд ва усулҳои самараноки таълим мебошанд, сазовори роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ хоҳанд гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







