25 Март 2026
Дар кӯчаи Наҷмиддин Қутбиддинови маҳаллаи “Қорираҳмат Қурбонов”-и шаҳри Хуҷанд дастҷамъона ҷашни Наврӯзро тантана намуданд.
Хурдтаракон дар васфи Наврӯз шеъру суруд ва таронаҳо сароиданд. Урфу одатҳои наврӯзӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ аҳли маҳалларо бо фарорасии Наврӯзи байналмилал таҳният гуфт.
Таъкид шуд, ки Наврӯз барои мардуми тоҷик танҳо як ҷашни мавсимӣ нест, балки падидаи бузурги фарҳангӣ ва маънавӣ мебошад. Ин ҷашн мардумро ба дӯстӣ, покӣ, некукорӣ ва эҳтироми табиат раҳнамун месозад. Бо фаро расидани Наврӯз мардум хонаю дари худро ободу тоза намуда, ниҳол мешинонанд, кӯчаву маҳаллаҳоро зебо месозанд ва бо дастархонҳои идона меҳмононро истиқбол мегиранд. Расму оинҳои гулшинонӣ, ҷуфтбаророн, мусобиқаҳои варзишӣ, бозию сурудҳои мардумӣ ва дигар анъанаҳои қадима ба ин ҷашн ҳусни хоса мебахшанд.
Наврӯз аз қадим бо зиндагии кишоварзӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Барои деҳқонон ин айёми оғози меҳнати саҳро ва умеди ҳосили фаровон мебошад. Фасли баҳор мардумро ба созандагӣ ва меҳнати пурбаракат даъват мекунад. Аз ин ҷиҳат Наврӯз ҳамеша рамзи файзу баракат ва фаровонӣ шуморида шудааст.
Зикр гардид, ки Наврӯз дар баробари таърихи куҳан, дорои мазмуну фалсафаи амиқи зиндагист. Он рамзи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, гармӣ бар сармо ва некӣ бар бадист. Ҳамин аст, ки ин ҷашн дар тӯли асрҳо аз насл ба насл гузашта, ҷойгоҳи худро дар фарҳанги мардум ҳифз намудааст.
Яке аз суннатҳои маъмули Наврӯз оростани дастархони идона мебошад. Дар он «Ҳафт син» - себ, санҷид, сир, сирко, суманак, сабза ва дигар рамзҳои файзу баракат гузошта мешаванд. Ин унсурҳо рамзи саломатӣ, фаровонӣ, бахту саодат ва зиндагии обод ба ҳисоб мераванд. Дар баъзе маҳалҳо инчунин «Ҳафт шин» низ оро дода мешавад, ки он ҳам аз суннатҳои қадимаи мардумӣ ба шумор меравад.
Наврӯз дар тӯли таърих на танҳо дар миёни тоҷикон, балки дар байни бисёр халқҳои ҷаҳон паҳн гардидааст. Соли 2010 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф намуд. Ин иқдом бори дигар собит сохт, ки Наврӯз мероси гаронбаҳои фарҳанги башарист.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







