21 Март 2026
21 марти соли 2026 дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми раиси Ҳукумати вилояти Воронежи Федератсияи Россия Данил Кустов ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии калони идона баргузор гардид.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилоятро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуд.
Таъкид гардид, ки Наврўз яке аз куҳантарин ҷашни миллӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, зиёда аз шаш ҳазор сол пеш вобаста ба оғози кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Дар ин рўз шабу рўз баробар гардида, табиат бедор мешавад ва гузаштагони мо онро такмили дунёи нав медонистанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва муовини якуми раиси Ҳукумати вилояти Воронежи Федератсияи Россия Данил Кустов низ ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз табрик гуфтанд.
Тазаккур дода шуд, ки ин ҷашни бостонӣ имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун омили таҳкими сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни халқҳо пазируфта шудааст.
Гуфта шуд, ки бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, ба яке аз ҷашнҳои муҳими фарҳангии инсоният табдил ёфтааст. Ин раванд бозгӯи он аст, ки фарҳангу тамаддуни тоҷикон дорои арзишҳои умумибашарӣ буда, дар таҳкими робитаҳои дӯстона миёни миллатҳо нақши муассир мебозад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки Наврӯз дар осори мутафаккирони бузург, аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ ва Абурайҳони Берунӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос тавсиф ёфта, ойинҳо ва суннатҳои он ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ ба наслҳои баъдӣ расидаанд.
Дар рафти чорабинӣ ба арзишҳои ахлоқиву иҷтимоии Наврӯз низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла таъкид шуд, ки расму ойинҳои миллӣ, ба мисли хабаргирии наздикон, эҳтироми калонсолон ва дастгирии ниёзмандон, дар таҳкими муносибатҳои инсонӣ ва густариши эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ нақши муҳим доранд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки таҷлили Наврӯз дар соли равон бо омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, сокинони вилоятро ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа ҳидоят менамояд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун рамзи нур, гармӣ ва эҳёи зиндагӣ инсонҳоро ба сулҳу ваҳдат, дӯстӣ ва созандагӣ раҳнамоӣ намуда, барои бунёди ояндаи дурахшон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Чорабинии идона бо барномаи рангини фарҳангӣ, намоиши расму ойинҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта, ба ҳозирин руҳияи идона бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







