21 Март 2026
Имрӯз, санаи 21.03.2026 муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Ҳолиқзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилал ба қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ва Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, сарбозону афсаронро бо ҷашни миллӣ табрику таҳният намуданд.
Таъкид шуд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башар, оғози соли нав, айёми аз сардӣ ба гармӣ баромадан, эҳёи дигарбораи табиат ва тамоми мавҷудоту набототи он мебошад. Мардумони куҳанбунёди ориёитабор ғайр аз Наврӯз ойину ҷашнҳои дигари бостонӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон ва Меҳргонро низ таҷлил мекунанд, вале Наврӯз дар миёни онҳо шукӯҳу ҷалоли хосса дорад. Гузаштагони некному хирадманди мо ин ҷашнро бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар тӯли беш аз шаш ҳазор сол ҳифз карда, то замони мо расонидаанд. Ин ҷашни фархунда тайи ҳазорсолаҳо ба мероси гаронбаҳои фарҳанги мардумӣ ва ҷузъи ҷудоинопазири ҳувияту ифтихори миллии мо табдил ёфтааст. Ҳамзамон бо ин, фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ тадриҷан ҳамчун омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо ва қаламравҳои гуногун эътироф гардидааст.
Қобили зикр аст, ки ҳарчанд баробаршавии шабу рӯз дар як сол ду маротиба рух медиҳад, аммо Наврӯз ҳамчун падидаи зебои табиӣ эҳёи табиат ва мавҷудоти оламро дар фасли баҳор, яъне нишонаҳои зиндагии навро дар худ таҷассум мекунад. Ба ҳамин сабаб ниёгони хирадманди мо маҳз ҳамин рӯз, яъне эътидоли баҳориро оғози соли нави хуршедӣ қарор додаанд ва онро бо калимаи зебои тоҷикӣ «наврӯз» ном ниҳодаанд.
Номи Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо дигар нашудааст ва бо ҳамин номи мантиқиву зебо то замони мо зинда мондааст. Имрӯз мардумони кишварҳои гуногун ҳамдигарро бо забони ширину зебои тоҷикии «Наврӯз муборак!» шодбош мегӯянд. Таърихан тоҷикӣ будани номи Наврӯз гувоҳи равшани он аст, ки ин ойини муборак бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аз муҳити зисти ниёгони ориёитабори мо бархостааст.
Сипас меҳмонон аз шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ аз наздик шинос шуданд. Бояд қайд намуд,ки бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилал дар қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ва Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд барои сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан дастархонаи идона густурда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







