21 Март 2026
Имрӯз, санаи 21.03.2026 бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Ҳолиқзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилал дар микроноҳияи 12-уми маҳаллаи “Тиллокон” майдончаи варзишӣ, ҷойи дамгирии калонсолон ва майдончаи кӯдакона барои сокинон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишӣ, ҷойи дамгирии калонсолон ва майдончаи кӯдакона барои сокинон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Ҷумъабой Абдураҳимов ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ сохта шудааст.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Ҳолиқзода ва Раиси вилояти Суғд, Раиси федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз таҳният гуфта, ба иҷрои корҳои сохтмонӣ ва иқдоми наҷибу созандаи соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд дода, ба сокинони маҳалла ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасонро ҳидоятҳо намуданд.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки ин ҳама ободкориҳо бо дастгирии Асосгузору сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, аз насли ояндасози кишвар даъват ба амал овард, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар шаҳр рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.
Зикр шуд, ки соҳаи варзиш чун омили камолоти ҷисмонӣ ва тавоноии мардуми диёр пазироӣ ва мавриди таваҷҷўҳу эътибор қарор дода шудааст. Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.
Сипас бо иқдоми соҳибкори ватанӣ дар ҳамин мавзеъ ба 300 нафар рӯбандаҳо ба истиқболи ҷашни наврӯзи байналмилал маводи ниёзи аввалия тақдим гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







