20 Март 2026
Имрўз, санаи 20.03.2026 дар маҳаллаи Қӯшҳавзи кумитаи маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд дар фазои идона бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва файзу фаровонӣ аз Наврӯзи байналмилал ҷашн гирифта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо як гуруҳ меҳмонон аз Федератсияи Руссия аз меҳмонони фахрии аҳли маҳалла буданд.
Меҳмонон нахуст аз растаи ҳунармандон, бозиҳои наврӯзии наврасон ва намоиши аҳли адабу фарҳанг, ки бо оростани хаймаҳо ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуда буданд, боздид карда, бо намояндагони онҳо суҳбати озоду самимӣ намуданд.
Раҷаб Аҳмадзода дар маҳфил ширкат варзида аҳли гузари Қўшҳавзи маҳаллаи Ҷаббор Расуловро бо ҷашни Наврӯзи Аҷам таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон буда, гузаштагони фарҳангиву тамаддунсозамон расму ойинҳои онро ҳифзу нигоҳдорӣ карда, то ба рӯзгори мо расонидаанд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари биҳиштосоямон поку беолоиш ҳифз гардидаанд. Яъне Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст”.
Таъкид шуд, ки Наврӯз марҳалаи ҷадиди гузаштан ба фасли нави зиндагӣ, ғалабаи гармӣ бар сардӣ, ҷашни дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандӣ ва амалӣ гардидани орзуву ниятҳои нек мебошад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо суннату ойинҳои неки ин ҷашни зебои табиат, ки дар кишвари мо аз баракати Истиқлоли давлатӣ аз нав эҳё гардидааст, бо ҳикмату фалсафаи инсонпарваронаи худ ба фарҳангу тамаддуни халқу кишварҳои олам таъсири амиқ расонидааст.
Маҳз тавассути расму ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз ва дигар ҷашнҳои ориёӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон ва Меҳргон арзишҳои милливу фарҳангӣ ва илмиву адабии мардумони ориёитабор пойдору устувор гардида, то замони мо омада расидаанд. Бо назардошти ҳамин омилҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ таъкид намудаанд, ки “бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад”.
Сипас барномаи фарҳангии фарогирии урфу анъанаҳои миллии наврӯзӣ бо иштироки аҳли ҳунари вилоят ва шаҳр пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







