26 Феврал 2024
Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад.
Баъди хатми муассисаи таълимии – литсейи №1 ба номи Ю.Гагарини шаҳри Бўстон, соли 2011 ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ қабул гардида соли 2015 хатм намудааст. Аз соли 2015 то соли 2017 дар донишгоҳи мазкур магистратураро низ бо ихтисоси техника ва технология хатм намудаст. Соли 2020 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуровро бо ихтисоси рўзноманигор хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатияшро аз 28 апрели соли 2022 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар бахши нақлиёт ва алоқа ба ҳайси мутахассиси пешбар оғоз намуда, аз 24 апрели 2025 тибқи қарори Раиси шаҳр ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Оиладор соҳиби 2 фарзанд мебошад.







