26 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Яке аз иқдомҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имкон дод, ки ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ва кормандони касбу кори гуногун ашъор ва эҷодиёту таълифоти шоирону нависандагони ватанию хориҷиро мутолиа карда, ҷаҳони маънавии худро боз ҳам ғанӣ гардонанд.
Соли 2026 низ бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавӣ, бо ташаббуси бевосита, ҳамчунин таҳти таваҷҷуҳ ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Даври аввали он дар гимназияи №24, МТМУ №19, 22 ва 23-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Ҳайати ҳакамони Озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталаб аз рӯйи меъёрҳоибарои таваҷҷуҳ ба мавзуъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлолу озодӣ, инъикоси саҳм ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзуи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накӯкорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот, бунёди роҳу нақбҳо ва иншооти бузурги аср, корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар бунёдкорию ободонӣ, барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва шарҳи маънои луғавии вожаҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар, таассурот аз хондани асар ва ғайра баҳо доданд.
Беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







