21 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТМУ №15-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат чорабинии идона ва озмуни “Ҳомии Ватан” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони шуъбаи маориф, собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳ, маъмурият, омӯзгорон ва муҳассилин ширкат варзиданд.
Дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ хонандагон аз рўйи шартҳои пешниҳодшуда маҳорати баланди омодагию кордонӣ ва донишҳои омўхтаи ҳарбии хешро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҳамчунин бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барномаи фарҳангии хонандагон пешкаши ҳозирин гардид.
Меҳмонон ба маҳорату истеъдод ва донишҳои омўхтаи муҳассилин баҳои баланд додаа, онро намунаи омўзиш ва тарғиби таҷриба дар дигар макотиби шаҳр арзёбӣ намуда, ҳамзамон таъкид намуданд, ки Артиши миллии мо дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзи таъсисёбӣ чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт. Тайи ин муддат афсарону сарбозон ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ дарси мардонагию шуҷоатро азхуд намуда, соҳиби таҷрибаи бойи касбӣ шуданд.
Зикр шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Ҳанўз сию як сол муқаддам ба дўши ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иҷрои вазифаҳое вогузор гардид, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд. Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили нерўи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд.
Директори муассиса Заррина Ёрматова, зимни баромади худ таъкид дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият намоему дар обод гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Дар ин муддати кӯтоҳ таърихи ҷузъу томи он ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои оромиву осудаи кишвар табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунем.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, «Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург дорад. Ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







