МТТ№1: Ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро бо ифтихор адо менамоянд, пояи боэътимоди ояндаи давлат мебошанд
21 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТТ №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки табиятгирандагони гуруҳи омодагӣ ба мактаб, бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, маҳфили хушҳолӣ таҳти унвони “Ҳифзи Ватан муқаддас аст!” баргузор гардид.
Дӯстрӯякон дар васфи Ватан, Артиши миллӣ, садоқат ба Ватан, сарбоз ва ғайра шеъру суруд ва таронаҳои ватандӯстона ироа намуда, саҳначаи ҷолиберо аз ҳаёти аскарӣ пешниҳоди ҳамагон намуданд.
Таъкид шуд, ки омӯзиши таърихи давлатдорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, эҳсоси масъулият дар назди Ватан ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ ҷавононро ба муҳофизони воқеии истиқлолият табдил медиҳад. Ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро бо ифтихор адо менамоянд, пояи боэътимоди ояндаи давлат мебошанд.
Дар давраҳои қадим низ мардуми тоҷик соҳиби артиши пурқудрат ва муташаккил буданд. Ин артиши бостонӣ на танҳо аз ҷиҳати шумора, балки аз лиҳози тартибу интизом, шакли идоракунӣ ва қоидаҳои ҷангӣ низ дорои низоми муайян буд. Сарбозон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, далерӣ ва фидокорӣ Ватанро ҳимоя мекарданд ва номашонро дар саҳифаҳои таърих бо корнамоиҳои қаҳрамонона сабт намуданд.
Артиши имрӯзаи Тоҷикистон маҳз дар заминаи ҳамин анъанаҳои пурифтихори таърихӣ бунёд ёфта, арзи ҳастӣ менамояд. Он идомадиҳандаи роҳи ниёгони шуҷоъ буда, арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллатро пос медорад. Қаҳрамонӣ, ҷасорат ва омодагӣ ба ҳифзи марзу буми кишвар имрӯз низ рукни асосии Артиши миллӣ ба шумор меравад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







