21 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Cубҳи имрӯз чун анъана бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум дар шаҳри Хуҷанд ярмарка фуруши фаровони маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва саноат сурат гирифт.
Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-50 фисад арзиши маҳсулот пешкаш карда шуданд.
Аз ҷараёни ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода боздид намуданд.
Дар ярмарка фаровонӣ ва арзонии маҳсулот ба чашм мерасид.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода зикр намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум бо нархҳои дастрас нисбатан аз бозор арзон тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







