21 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд н. и. т. Нурзода Амирҷон Рӯзихон ҳамагонро бо фарорасии 33- солагии солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар сарнавишти миллати тоҷик, амнияту оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати сартосарӣ саҳми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун сипари боэътимод хеле бузург аст. Он дар маҳилаи хеле ҳасос, дар саргаҳи соҳибистиқлолии миллӣ арзӣ ҳастӣ намуда, дар ин фосила ба як нерӯи қудратманд табдил ёфт. Дар ин марҳала Артиши миллии кишвар борҳо аз имтиҳони сахту сангин гузашта, аскарону афсарон ва умуман ҷузъу томҳои он бо қиммати ҷон ҳуввияти миллиро нигаҳбонӣ карда меояд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд:
“Ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст. Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад”.
Таъкид шуд, ки ҳар гоҳ, ки сухан дар бораи ҳифзи марзи Ватан ва амнияти шаҳрвандон равад, пеши назар хизмати софдилона ва ҷонфидоёнаи сарбозони шуҷои Ватан ҷилвагар мегардад. Қатъи назар аз душвориҳои оғози солҳои навадум, вақте ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад, нерӯҳои қудратмандии кишвар бо сарбаландӣ ва ҳисси волои меҳанпарастӣ ин меҳанро дифоъ намуда, дар несту маҳв сохтани душманони дохиливу хориҷӣ хизмати суботкорона анҷом доданд.
Дар ҳамон лаҳзаҳои тақдирсоз агар аз як тараф дониши баланд ва истеъдодии нотакрори Сарфармондеҳи қувваҳои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси наҷоти халқу кишвар шуда бошад, аз ҷониби дигар қаҳрамонию далерии аскарону афсарони шуҷоъ Қувваҳои мусаллаҳро ба сипари воқеан ҳам боэътимоди давлат табдил дод.
Тӯли 33 соли соҳибистиқлолӣ вазъияти қисмҳои ҳарбии мамлакат хеле хуб гардида, дар давоми ин солҳо бо дастгирии давлат ва Ҳукумат барои таъмини амнияти давлатӣ, мусаллаҳ шудани афсарону аскарон бо технологияи муосири ҳарбӣ тамоми чораю имкониятро истифода бурданд.
Маҳз иродаи қавӣ, далерию родмардии онҳо аст, ки имрӯз ба кишвари мо амалҳои номатлуби терроризму экстремизм таҳдид намекунад.
Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд гуфт, ки имрӯз ба шарофати сиёсати дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ шӯҳрату шони наваскарон хеле боло буда, бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода маъракаи гусели наваскарон бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир шуда, дар тинати ҷавонон ҳисси баланди ифтихори миллиро бедор месозад. Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд” тақвият бахшидани эҳсоси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ миёни ҷавононро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ба донишҷӯён дар баробари таълими касбият ҳамзамон дӯстдории обу хоки диёрро талқин мекунад. Аз байни ҷавонони муассиса кам нестанд ҷавононе, ки бо амри дилу виҷдон ба хизмати аксарӣ сафарбар мешаванд. Онҳо ба хубӣ дарк кардаанд, ки Ватан рӯи шонаҳои ҷавонон қарор дорад ва онро бегазанд мерос гузоштан ба насли оянда вазифаи ҷониву имониашон аст.
Сипас, дорандаи Ордени сурх, ҷанговари байналмилалӣ, подполковники мустаъфӣ Пӯлодҷон Рофиев низ баромад карда, аз корнамоиҳои фарзандони миллати тоҷик нақл намуд. Таъкид шуд, ки бояд, ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.
Ба як қатор устодон сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Барномаи фарҳангии ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







