(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСанаи 18 феврали соли 2026 дар толори меҳмонхонаи «CROWNЕ PLAZA»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 баргузор гардид, ки дар он беш аз 2 миллион сомонӣ ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ супорида шуд.

Нахуст, иштирокчиёни чорабинӣ аз гӯшаи намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи варзиши кишвар дидан намуда, акси дастаҷамъона гирифтанд.
Сипас, пеш аз оғози маросими расмии ҷоизасупорӣ филми кӯтоҳметражи мустанад оид ба дастоварду комгории соҳаи варзиши кишвар дар соли 2025 дар ҳаҷми 14 дақиқа манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар маросими мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зулфиқор Гулаҳмадзода ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, варзишгарон, роҳбарону мураббиёни сохторҳои варзишии мамлакат, собиқадорону фаъолони соҳаи варзиш ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ дар соли 2025 иштирок намуданд.
Дар заминаи сиёсати варзишпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат 67 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.
Ҳамзамон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», «Беҳтарин васоити ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш» ва «Варзишгарнавраси умедбахш» дар соли 2025 эълон намуд, ки беҳтаринҳо муайян карда шуда, дар маросими ҷоизасупорӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки шаҳри Хуҷанд - «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии 4»-и шаҳри Хуҷанд – «Мактаби варзишии беҳтарини сол», Меҳроҷхон Умаров - «Мураббии беҳтарини сол» ва муштзани номи Хусравхон Раҳимов - «Варзишгари беҳтарини сол» дониста шуданд.
Ин дастовард ба тамоми фаъолон, аз ҷумла варзишгарони шаҳри Хуҷанд муборак бошад!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...