19 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ Рӯзи “Дарҳои кушод” дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Таъкид шуд,ки ҳамасола тибқи нақшаи кории муассисаи таълимӣ баҳри ҷалби бештари хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияҳо, литсейҳои шаҳру навоҳии вилоят ва берун аз он ба корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба касбинтихобкунӣ маъракаи "Довталаб" гузаронида мешавад.
Дар чорабинӣ довталабон-хатмкунандагони беш аз 20 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилояти Суғд баҳри шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия ва шиносоӣ бо пойгоҳу иқтидори муассиса боздид ба амал оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд айни замон дар 15 кафедра, 6 факулта , 8 ихтисос: кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори фармасевтӣ, кори табобатӣ, кори тиббӣ –ташхисӣ, кори тиббӣ –профилактикӣ, кори дандонсозӣ ва кори реабилитатсияи тиббӣ –иҷтимоӣ донишҷӯён таҳсили илм намуда истодаанд.
Боиси ифтихори ҷомеаи меҳнатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд аст, ки 1-уми апрели соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло дар бинои нави таълимии муассиса тамоми шароити муосиру мусоид аз ҷумла маркази таълимии малакаҳои амалӣ, озмоишгоҳи таълимии фармасевтӣ, озмоишгоҳи таълимии химия, озмоишгоҳи таълимии биологӣ, маркази таълимии стаматологӣ амал мекунанд ки бо дастгоҳ ва аёниятҳои муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуда раванди таълим бо истифодаи васеи муосири таълими ба роҳ монда шудааст. Баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар муассиса гуруҳҳои таълимашон бо забони русӣ дар ихтисосҳои кори момодоягӣ , кори ҳамширагӣ, кори табобатӣ ва кори фармасевтӣ соли дувум аст, ки ташкил карда шудааст.
Миқдори омӯзгорони асосии муассиса 276 нафар буда, теъдоди умумии донишҷӯён дар Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд айни замон зиёда аз 4713 нафарро ташкил медиҳад.
Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд таърихи зиёда аз 90 сола дошта то имруз ин боргоҳи маърифатро зиёда аз 40 000 нафар хатм намудааст, ки ҳамчун мутахассисони соҳибкасби миёнаи тиб дар дохил ва берун аз мамлакат баҳри солимии ҷомеа саҳми босазо доранд.
Хатмкунандагон дар доираи чорабинии "Дарҳои кушод" бо шароити таълиму тарбия дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд аз наздик шинос гардида, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







