18 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Аз тарафи мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо кормандони Маркази саломатии №1 дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳамзамон дар байни аҳолии шаҳри Хуҷанд сӯҳбату вохӯриҳои фаҳмонидадиҳӣ баргузор гашт.
Дар доираи маъракаи иттилоотию маърифатӣ мутахассисони соҳаи тандурустӣ доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва гайрисироятӣ, аз ҷумла бемории сурхча, гепатити А, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва ғайра ба хонандагон ва аҳолӣ маълумот доданд.
Дар баробари ин, ба хонандагони муассисаҳои таълимии томактабиву мактабӣ ва аҳолии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби табибон як қатор дастуру тавсияҳои муфид дар самти пешгирии бемориҳои болозикр дода шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







