18 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ конфронси илмӣ- амалӣ дар мавзӯи "Муқовимат бо коррупсия- кафили рушди соҳаи тандурустӣ" бо иштироки намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, устодон, донишҷӯён баргузор шуд.
Конфронсро директори муассиса Нурзода Амирҷон Рӯзихон ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки коррупсия яке аз падидаҳои қадимӣ дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ буда, тӯли таърих шаклҳои худро тағйир дода, дар замони муосир хусусиятҳои нав гирифтааст. Имрӯз ин мушкилот ба монеаи ҷиддии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву ҳуқуқии давлатҳо табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки зидди он чораҳои мушаххас андешад.
Сипас, сардори шӯъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия Шодком Турсунзода баромад намуда, зикр дошт, ки муқовимат ба коррупсия яке аз авлавиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ гардида, дар ин ҷода, мақоми махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ таъсис дода шуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти муқовимат ба коррупсия ба тасвиб расонида шуда, вазифа ва уҳдадории мақомоти давлатӣ дар самти амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати кишвар муқаррар гардидааст.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки воситаи асосии муқовимат ба коррупсия на иҷрои амалҳои расмӣ, балки татбиқи воқеии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии соҳавӣ, ҳамзамон намунаи ибрати шахсӣ дар риояи қонунгузории зиддикоррупсионӣ мебошад.
Бо назардошти оқибатҳои манфии коррупсия дар устуворӣ ва идоракунии давлат, поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин рушди иқтисодиёти кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубориза бо ин падидаи хатарнок ва таҳдидкунанда ба амнияти ҷомеаро пурзӯр карда истодааст.
Тибқи талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” тамоми вазорату идораҳо субъекти муқовимат ба коррупсия маҳсуб ёфта, дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамояд.
Аз ин лиҳоз, тамоми хизматчиёни давлатӣ, роҳбарону кормандони вазорату идораҳо, муассисаю ташкилотҳо, аз ҷумла устодони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат кунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, талаботи қонунгузории кишварро риоя намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия, як қатор стратегияҳои муҳими зиддикоррупсионӣ амалӣ шудаанд, аз ҷумла: “Стратегияи мубориза бо коррупсия барои солҳои 2008–2012”, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013–2020” ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ гардидааст.
Соли 2025 татбиқи амалии марҳилаи навбатии Стратегияи мазкур идома дорад. Мақсад аз қабули ин Стратегия баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, фароҳам овардани муҳити тоқатнопазирӣ нисбат ба амалҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани омилҳои он мебошад.
Муътақидем, ки танҳо тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, содиқ будан ба арзишҳои миллӣ ва рушди тафаккури зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа метавон ба ҳадафҳои ниҳоӣ – коҳиши шиддати коррупсия ва таҳкими адолат дар ҷомеа ноил гардид.
Сипас, сардори шӯъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия Шодком Турсунзода дар идомаи суханронии худ роҷеъ ба муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муқовимат алайҳи савдои одамон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим ва дигар масоили рӯзмарраи ҷомеа андешаронӣ намуд.
Дар анҷоми конфронс доир ба мавзуъоти матраҳшуда мубодилаи афкор сурат гирифт ва таъкид шуд, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар раванди таълим технологияҳои рақамӣ ва инноватсионии таълимӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин дар ин самт шабакаҳои иҷтимоии муассисаи таълимӣ фаъол буда, чорабиниҳои муқовимат бар зидди коррупсия ва нашри видеороликҳои тарғиботӣ пайваста инъикос мегарданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







