16 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим» дар вилояти Суғд, якҷо бо роҳбарони марказҳои саломатии шаҳр, дар байни аҳолӣ ва муассисаҳои тандурустиву маориф корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Ҳадафи асосии ин чорабиниҳо пешгирии бемориҳои гуногун, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим мебошад. Дар ҷараёни чорабинӣ мутахассисони соҳа ба сокинон оид ба роҳҳои ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, зарурати эмгузаронӣ ва пешгирии омилҳои хавф тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.
Аз ҷониби кормандони тиб дар кӯдакистонҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва маҳалҳои аҳолинишин вобаста ба пешгирии бемориҳои сурхча, гепатитҳои А, В, С, инчунин бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шуд.
Мавриди зикр аст, ки чунин чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ мунтазам идома дошта, ба баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ ва ҳифзи саломатии ҷомеа мусоидат менамоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







