14 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ мулоқоти сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Шарифзода Фаридун Умаралӣ бо масъулини бахши кор бо ҷавонон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро директори муассиса Нурзода Амирҷон Рӯзихон ифтитоҳ намуда, доир ба нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал дод.
Сипас сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Шарифзода Фаридун Умаралӣ
оид ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла роҷеъ ба стратегияҳои давлатӣ, истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва саноатикунонии босуръати кишвар, истифодаи оқилонаи зеҳни сунъӣ, баланд шудани маошу нафақа, ҳалли муносибатҳои марзӣ бо Қирғизистон, таъсиси Конуни Маркази тамаддуни ориёӣ, Маркази байналмилалии Наврӯз, дастгирии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷавонон, ки дар Паёми Роҳбари Давлат муфассал ироа гардид, ибрози андеша кард. Мавсуф дар идомаи суханронии худ, роҷеъ ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва пайомадҳои нохуши нашъамандӣ андешаронӣ карда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бо дониши хубу аъло ва эҳсоси баланди худогоҳиву худшиносии миллӣ амният,муқаддасот ва арзишҳои Истиқлоли миллиро ҳифз намуда дар пешрафти кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошанд.
Зикр шуд, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот доир ба оқибатҳои номатлуби зуҳуроти ифротгароӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, инчунин таҳкими худшиносии миллӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Дар анҷом иштирокчиён зарурати ҳамкории зичи ҷомеа ва сохторҳои давлатиро ҷиҳати муборизаи муассир бар зидди терроризм ва экстремизм таъкид карданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







