14 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз дар толори "Қасри варзиш"-и шаҳри Хуҷанд расман Ярмаркаи фурӯши қолинҳои Қайрооққум оғоз шуд, ки то 23-юми феврали соли ҷорӣ идома меёбад.
Тавре намояндаи ҶДММ "Қолинҳои Қайроққум" Ҷамшед Бобоев иттилоъ дод дар ярмарка беш аз 100 намуд қолинҳо бо нархи то 50 фисад пешниҳод шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба мавҷудияту нигоҳдории иқтидорҳои истеҳсолии ҶДММ "Қолинҳои Қайроққум" эътибори хоса дода шуда, маҳсулотҳои қолинияш дар намоишномаҳои бузурги хориҷи кишвар ба марази тамошо гузошта шудааст.
Ба сифати маҳсулоти корхона аз ҷониби ташкилотҳои муқтадири ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шудааст. Корхона соли 1996 дар Копенгаген сазовори “Глобуси тиллои”, соли 1999 дар Париж сазовори “Аркаи Аврупо”, соли 2000 дар Брюсел сазовори “Ситораи платинии сифат” ва дигар навъӣ мукофотҳо гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар ҶДММ "Қолинҳои Қайроққум" зиёда аз 2000 намуд қолин бо нақш, андоза ва тасвирҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. Дар қолинҳои нави корхона нақшу нигори миллӣ омехта бо санъати муосир, мавзеъҳои зебо ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон тасвир ëфтаанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







