(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода муовини директори Департаменти инфрасохтори устувор барои минтақаи Авруосиёи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) Бахтиёр Файзиев ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Фирдавс Шарифзода аснои суҳбат Бахтиёр Файзиевро ба Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, корҳои бунёдкориву созандагӣ ёдоварӣ кард. Таъкид шуд, ки бо дастгирии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) 3 адад лоиҳаи сармоягузорӣ хусусияти иҷтимоидошта дар шаҳри Хуҷанд муваффақона амалӣ шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳр солона беш аз 100 иншооти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода мешаванд ва Хуҷанд ҳамчун маркази маъмурии вилоят ҳар рӯз шумораи зиёди меҳмонон ва сайёҳонро аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар қабул мекунад, ки ин ба инфрасохтори шаҳр, аз ҷумла системаҳои таъминоти об ва обҳои партов сарбории иловагӣ меорад.
Аз ин рӯ, навсозии инфрасохтори коммуналӣ барои мо авлавиятнок аст.
Шаҳри Хуҷанд ба марҳилаи стратегии навбатӣ - навсозии системаи тозакунии обҳои партови шаҳр мегузарад.
Мутахассисон таҳқиқоти пешакии имконпазирии лоиҳаро таҳия кардаанд ва хулосаи мусбати коршиноси давлатӣ гирифта шудааст.
Дарозии умумии шабакаҳои партовоб 170 километрро ташкил медиҳад. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва васеъшавии минтақаи шаҳр, таъмири ҳамаҷонибаи инфрасохтор зарур аст.
Раиси шаҳр дар бораи нуктаҳои дигари лоиҳаи пешбинишуда маълумоти муфассалро ироа намуд.
Муовини директори Департаменти инфрасохтори устувор барои минтақаи Авруосиёии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) Бахтиёр Файзиев зикр дошт, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд солҳои охир дар Тоҷикистон хеле фаъол аст ва ба васеъ намудани дастрасӣ ба маблағҳо барои намояндагони бахши хусусӣ ва модернизатсияи инфрасохтори коммуналӣ мусоидат мекунад. Хуҷанд яке аз шаҳрҳои муҳим ва афзалиятнок дар сиёсати БАТР қарор гирифтааст.
Дар ҷараёни мулоқот мавзуъҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда ва банақшагирифташуда, амалишавии лоиҳаҳои нави давлатии сармоягузорӣ дар самти технологияҳои рақамӣ, маблағгузории иқтисодиёти сабз, хизматрасонӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ матраҳ гардиданд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баҳри амалӣ намудани лоиҳаи ёдоваршуда, аз тамоми имконот истифода хоҳанд намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...