(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ оид ба ташкил ва идораи ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи саломатии насли наврасро яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ мешуморад. Ташкили дуруст ва идораи самараноки ғизои мактабӣ ба беҳтар шудани саломатии хонандагон ва дар маҷмӯъ аҳолии кишвар мусоидат мекунад. Таъмини хонандагон бо ғизои солим дар мактаб яке аз шартҳои асосии нигоҳ доштани саломатӣ ва баланд бардоштани қобилияти самараноки азхудкунии дарсҳо мебошад, зеро хонандагон қисми зиёди вақти худро дар мактаб мегузаронанд. Аз ин рӯ, ғизои солим ҳамчун яке аз омилҳои муҳими муайянкунандаи саломатии насли наврас эътироф шудааст.
Бо дарназардошти аҳамияти масъалаҳои таъмини ғизои солим барои хонандагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зеринро таҳия ва қабул намудааст:
1. «Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2015, №102);
2. «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.09.2017, №456);
3. «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2027» (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.04.2022, №205).
Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2013 то имрӯз бо дастгирии шарикони рушд, хусусан Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) ва маблағгузории Федератсияи Россия, маводҳои хӯрока (орд, равған, нахӯд) барои тақрибан 50% муассисаҳои таълимии кишвар таъмин карда мешаванд.
Мувофиқи ҳадафҳои «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027», аз оғози соли 2022 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи пилотӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағ ҷудо менамояд. Ин маблағҳо ҳамасола афзоиш меёбанд ва то имрӯз тақрибан 200 муассисаи таълимӣ бо ғизои гарм таъмин карда мешаванд. Айни замон, бо ҳамкории шарикони рушд, волидайн ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои дарбаршуда, тақрибан 450 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҳамарӯза хӯроки гарм истеъмол мекунанд.
Илова бар ин, бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27.12.2024, №1504) «Дастури корӣ оид ба ташкил ва идораи ғизои мактабӣ» тасдиқ гардидааст. Дастур марҳилаҳои гуногунро дар бар мегирад, аз ҷумла тайёрӣ, банақшагирӣ, ташкили ғизои мактабӣ ва амалӣ намудани Барномаи миллӣ. Он ҳамчун дастури корӣ ба роҳбарону кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавсия мешавад. Дастур барои мониторинг ва пайгирии амалисозии ғизои мактабӣ, инчунин иҷрои буҷети давлатӣ, грантҳо ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ мусоидат мекунад.
Бо дарназардошти афзоиши маблағгузорӣ ва шумораи муассисаҳои таълимӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон модули дарсҳои омӯзишӣ ва бозомӯзиро барои маъмурияти муассисаҳои таълимӣ (директор, муҳосиб, мудири хоҷагӣ ва ғ.) таҳия намудааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...