(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз, санаи 4.02.2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми соли 2025 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли сипаригашта баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади иҷрои босифату саривақтии Амру Фармонҳо ва инчунин дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода як силсила корҳои назарраси созандагиро роҳандозӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади тақвияти ҳадафи саноатикунонии босуръат дар шаҳр корҳои пурмаҳсул ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа аз ҷониби корхонаҳои калону хурд 2 млрд. 145,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли пешина 120,3 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Аз миқдори умумии маҳсулотҳои истеҳсолгашта 461,2 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар содир шуда, 127 корхонаҳо маҳсулотҳои воридотивазкунанда ба маблағи 1 млрд. 20,8 млн. сомонӣ истеҳсол карданд, ки ин нишондиҳанда 15,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар раванди рушду инкишофи ин соҳа бо ҷалби зиёда аз 36,5 млн. сомонӣ сармояҳо, 32 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо иқтидори 400 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Дар навбати худ, соли сипаригашта тамоми корхонаҳои шаҳр фаъолияташонро самаранок ба роҳ монда, нерўи барқро сарфакорона истифода бурдаанд, ки дар натиҷа талафоти барқ то ба 7,1 фоиз поён рафта, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафи стратегӣ - Истиқлолияти энергетикӣ замина гузошта истодааст.
Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии беруна, дар дигар сектори реалии иқтисодиёти шаҳр низ, нишондиҳандаҳои асосӣ пурраю барзиёд таъмин гардида, ҳаҷми маблағгузории асосӣ ба соҳаи сохтмон 1 млрд. 743,6 млн. сомонӣ ё 163,7 фоиз, ҳаҷми корҳои сохтмонию васлкунӣ 1 млрд. 644,4 млн. сомонӣ ё 194,2 фоиз, ҳаҷми корҳои пудратӣ 1 млрд. 431,1 млн. сомонӣ ё 2,2 маротиба, хизматрасонии пулакӣ 2,0 млрд. сомонӣ ё 109,9 фоиз, ҳаҷми муомилоти гардиши мол 5,8 млрд. сомонӣ ё 110,3 фоиз, содироти молҳо 61,5 млн. доллари амрикоӣ ё 117,4 фоиз, воридоти молҳо 474,4 млн. доллари амрикоӣ ё 117,6 фоиз, сармоягузорӣ 77,9 млн. доллари амрикоӣ ё 143,7 фоиз, шумораи боркашонӣ 5,5 млн. тонна ё 125,9 фоиз, мусофиркашонӣ 99,4 млн. нафар ё 100,0 фоиз ва музди миёнаи маоши кормандон 2 ҳазору 837,6 сомонӣ ё 118,1 фоизро ташкил додааст.
Самаранок истифода бурдани имкониятҳои иловагии тамоми соҳаҳо баҳри ташаккули буҷет имкон дод, ки даромади буҷети умумӣ ба маблағи 1млрд. 27,9 млн. сомонӣ таъмин гардида, аз нақша 125,9 млн. сомонӣ ё 14,0 фоиз зиёд ва ба буҷети маҳаллӣ бошад, 437,7 млн. сомонӣ ворид шуда, аз нақша 48,2 млн. сомонӣ ё 12,4 фоиз зиёд таъмин гардидааст.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки барзиёд иҷро шудани қисми даромади буҷет ба мо имкон дод, ки 25,0 млн. сомонӣ маблағи баландшавии музди меҳнат ва нафақаи шаҳрвандон пурра таъмин гардида, қарздорӣ аз ин ҳисоб ҷой надорад. Баҳри фаъолияти самараноки сохторҳои давлатӣ, аз буҷет саривақт маблағгузорӣ карда шуда, барои ин мақсадҳо қисми хароҷоти буҷети шаҳр, 97,3 фоиз иҷро гардида, барои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 75,9 фоизи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ё 305,2 миллион сомонӣ равон карда шудааст.
Раиси шаҳр гуфт, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншоотҳои ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, танҳо дар соли 2025-ум 370 адади онҳо бунёд карда шуда, иҷроиши нақшаи умумии панҷсола бошад, 115,0 фоизро ташкил дод.
Боиси ифтихор аст, ки соли 2025 дар доираи сафарҳои кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 27 адад иншооти ҳаётан муҳими дар шаҳр бунёдгашта ҳусни оғоз бахшиданд.
Шаҳрдор гуфт, ки дар корҳои ободонию гулзоркунӣ саҳми соҳибкорону аҳолӣ низ, мунтазам фаъол гардида, дар мавзеъҳои шаҳр дарахтони ороишию мевадиҳанда ва ҳамешасабз, инчунин гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.
Илова бар ин, баҳри афзун намудани ҳусну таровати замонавӣ ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо ва равшанкунакҳо насб карда шуда, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор ва қубурҳои обу ташноб иваз карда шуданд.
Дар ин раванд 55,7 км роҳҳои мавзеъи шаҳр мумфаршу таъмири асосӣ гузаронида шудаанд, ки он нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 111,4 фоизро ташкил додааст.
Раиси шаҳр иттилоъ дод, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону саховатмандон дар хиёбони Раҳмон Набиев барои гузаронидани хатти партовоб корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, айни ҳол ба масофаи 2150 метр қубурҳои қутраш 800,0 мм-ра васлу насб карда шуда, ҳоло корҳо дар ин самт давом доранд.
Дар ин давра баҳри дастгирии иҷтимоии ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат 8948 оилаҳо аёдат карда шуданд.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки барои беҳтар кардани шароити манзилии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ва фаъолияти кории кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, ба 11 нафар кормандону оилаҳои эҳтиёҷманд аз фонди манзили давлатӣ хонаҳои истиқоматӣ ҷудо карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷўҳи бештар зоҳир гардида, соли сипаригашта 34 адад муассисаҳои ин соҳаҳо барои ба талаботҳои муосир ҷавобгў будан, бунёду азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид гардиданд.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо толибилмони шаҳр бо ҳисси баланди завқу шавқи донишомўзӣ дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 274 ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Бо иқдом ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои Беморхонаи клиникавии №1, бинои Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, бинои Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ба истифода дода шуд, ки он ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва некўаҳволии сокинон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин баҳри рушди маънавию фарҳангии ҷомеа дар шаҳр 305 адад чорабиниҳои гуногун доир гардид, ки дар он зиёда аз 98,0 ҳазор нафар сокинону 36,0 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.
Боиси қайд аст, ки варзишгари шаҳри Хуҷанд – Хусрав Раҳимов дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни калонсолон ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид, ки ин дастовард дар таърихи варзиши кишвар бори нахуст ба ҳисоб меравад.
Сипас дар қисмати саволу ҷавоб ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷониби рӯзноманигорон, аз ҷумла: Мирзоаъзам Мақсудов, рӯзномаи “Народная газета”, “Садои мардум”, Мадина Поччоева, рӯзномаи “Даво”, Мафтуна Шукурова, ШТР “СМ-1”, Ӯғулой Раҷабова, “ШТР “7 ситора”, Афзал Босолиев “Азия”, Фирӯза Мирҷумъаева, ШТР “Диёр”, Мастона Муҳидуллозода радиои “Тоҷикистон”, Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигори озод, Нуъмон Раҷабзода, рӯзномаи "Омӯзгор", Ӯрунбой Усмонов, рӯзномаи “Халқ овозӣ”, Гулҷаҳон Махкамова маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, Шаҳбону Олимова рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” ва дигарон доир ба самтҳои мухталифии хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла, бунёди хонаҳои баландошёна, хизматрасонии коммуналӣ, тадбирҳои ободонӣ, ободонии маҳаллаҳо, маданияти шаҳрдорӣ, лоиҳаи “Шаҳри бехатар”, вазъи корхонаҳои саноатӣ, раванди бунёди биноҳои баландошёна, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар анҷоми нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар баробари дастовардҳои ноил гардида, дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҳоло масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳо баҳри ҳалли онҳо чораҳои ҳамарўза меандешем.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ки мо ҳама якҷоя, аз ҷумла рӯзноманигорон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд мўҳтарам Раҷаб Аҳмадзода бо азму иродаи қавӣ заҳмат мекашем ва аз ҳаррўза бештар хизмат намуда барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузорем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...