03 Феврал 2026
Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар озмуни вилояти “Хомаи созанда-2025” бахшида ба 34 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми дуюмро касб намуд.
Имрӯз дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд аз тарафи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар доираи озмуни вилоятии “Хомаи созанда” аз рӯйи номинатсияи “Сомонаи расмии беҳтарин” ба котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод Диплом ва маблағҳои пулӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Бояд қайд намуд, озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда – 2025» ҳамсола гузаронида мешавад..
Имсол низ Озмуни мазкур бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят гузаронида шуд. Дар озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии вилояти Суғд, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, новобаста аз шакли моликияташон, иштирок карда метавонанд. Ҳар як иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд камаш 5 мавод дар як мавзуъ пешниҳод намояд. Дар озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гурӯҳи эҷодӣ танҳо аз рӯи як номинатсия барои иштирок дар озмун довталабӣ карда метавонад ва дар назар дошта шавад, ки маводи пешниҳодшаванда бояд давоми сол омода ва таҳия шуда бошад.
Дар озмуни имсола дар қатори дигар номинатсияҳо номинатсияи “Сомонаи расмии беҳтарин” низ натиҷагирӣ ва ғолибонаш қадршиносӣ гардиданд.
Сомонаҳои расмии Мақомооти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ин номинатсия мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд.
Ин дастовард барои тамоми сокинони шаҳри Хуҷанд муборак бошад!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







