16 Январь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Санаи 15.01.2026 тибқи нақшаи кори муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа байни омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар байни наврасону ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ дар МТМУ 7- и шаҳри Хуҷанд, вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони шуъбаи маориф Дилбар Абдуллоева ва Таҳмина Темурова, намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Қурбонсаид Болтазода Қурбонсаид, раиси Шӯрои занони махаллаи "Сайҳун" Саодат Баротова, духтури оилавии Маркази саломатии №4 Гавҳар Икромова ва раисони кумитаи падару модарони муассисаи таълимӣ ширкат варзида оиди масъалаҳои мубрами рӯз сухан карданд.
Таъкид шуд, ки дар ҷомеаи муосир яке аз падидаҳои нигаронкунанда, ки ба тафаккури ҷавонону наврасон таъсири манфӣ мерасонад, зоҳирпарастӣ мебошад. Зоҳирпараст шахсест, ки ба намоиш, шакл ва зебоии беруна бештар аҳамият медиҳад, дар ҳоле ки мазмун, сифат ва натиҷаи воқеии фаъолият нодида мемонанд. Ин раванд боиси таъсиррасонии манфӣ ба рушди ҷомеа ва устувории давлат мегардад.
Ҳангоми дар ҷомеа ҷой гирифтани зоҳирпарастӣ, арзишҳои муҳимми ахлоқӣ ба мисли ростқавлӣ, заҳматдӯстӣ, инсондӯстӣ ва масъулиятшиносӣ заиф мешаванд ва ҷойи онро маҳалгароӣ ва миллатчигӣ мегирад. Дар ин ҳол инсонҳо мекӯшанд худро хуб нишон диҳанд. Дар натиҷа, муносибатҳои иҷтимоӣ сатҳӣ шуда, эътимод байни шаҳрвандон коҳиш меёбад. Яке аз мушкилиҳои асосии ҷомеаи имрӯза ба бар намудани либосҳои бегона мебошад, ки масъалаи муҳҳим ба ҳисоб меравад. Ҳар як халқу миллат урфу одат ва арзишҳои миллии худро дорад. Аз он ҷумла либоси миллӣ. Дар шароити ҷаҳонишавӣ бархурди фарҳангҳо ба як воқеияти ногузир табдил ёфтааст. Тақлид ва қабули фарҳанги бегона бе дарки арзишҳои миллӣ метавонад ба ҷомеа ва давлат таъсири манфӣ расонад. Фарҳанги бегона ва тақлид ба он бешак зоҳирпарастӣ мебошад. Имрӯзҳо дар миёни мардум алалхусус ҷавонон зоҳирпарастӣ ва рӯ овардан ба фарҳанги бегона зиёд ба чашм мерасад, ки ин ҳамчунин ба худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Намоишкорӣ ва худнамоӣ метавонанд арзишҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва миллиро аз байн баранд. Миллате, ки ба зоҳир бештар аз моҳият аҳамият медиҳад, дар роҳи пешрафти устувор ба мушкил рӯ ба рӯ мешавад. Вақте диққат бештар ба омор, санҷишҳои шаклӣ ва муваффақиятҳои зоҳирӣ равона мешавад, сифати воқеии таълиму тарбия коҳиш меёбад. Ҷомеа дар чунин шароит метавонад бо насли дорои ҳуҷҷатҳо ва дипломҳо, вале бе дониш ва малакаи кофӣ рӯ ба рӯ гардад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







