15 Январь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии намояндагони мақомоти судӣ бо устодон ва донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.
Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд н.и.т. Нурзода Амирҷон Рӯзихон мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки дар ҷамъбасти ҳар сол ё худ дар остонаи соли нав ба парламенти мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат яке аз рамзҳои давлатдории демократию ҳуқуқбунёд эътироф шудааст.
Ҳамин тавр, 16 декабри соли 2025 дар толори калони Парламенти кишварамон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид.
Паёми имсола бо зикри рўйдодҳои муҳимтарини соли 2025 оғоз шуд. Президенти кишвар нахуст аз интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расидани Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ёдовар шуда, онҳоро рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ ва таърихӣ унвон карданд.
Сипас, муовини аввали раиси Суди шаҳри Хуҷанд Ҷӯрахон Раҳмон ва судяи Суди шаҳри Хуҷанд Саидзода Илҳом Ҳамид роҷеъ ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ изҳори назар намуданд.
Таъкид шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати калоне ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, шуғли аҳолӣ ва дастгирии занону ҷавонон бахшида шудааст.
Президенти мардумӣ дар сиёсати хеш ободии сарзамин, зиндагии босаодати шаҳрвандон ва амнияту осудагиро дар мадди аввал гузошта, гаштаву баргашта таъкид бар бузургии миллати тоҷик карданд ва ҳамчунин дар назди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати асосии худро дар таъмини амният ва фароҳам овардани зиндагии шоиста маънидод сохтанд. Сиву чор соли соҳибистиқлолӣ воқеан нишон дод, ки дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат рушд ва некӯаҳволии халқи маҳбуб меистад.
Ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки танҳо дар даҳ соли охир дар кишвар беш аз 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Буҷети соҳа аз 1 миллиарду 37 миллион сомонӣ дар соли 2015 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонда шуда, ба андозаи 4,2 баробар афзудааст.
Бо мақсади таъмини солимии аҳолӣ, истифодаи мақсаднок ва самараноки иншооту таҷҳизот ва маблағҳои пешбинишаванда Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки масъалаи мукаммалсозии низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, гузариш ба низоми ғайринақдии пардохти хизматрасониҳо ва дигар масъалаҳои соҳаро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намояд ва ҷиҳати татбиқи ислоҳоти навбатӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешад.
Зарур аст, ки ҷавобан ба дастгириҳои Ҳукумати кишвар масъулин бояд тадбирҳои амалӣ андешанд. Президенти маҳбубамон қайд карданд: «Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад».
Дар паёми имсолаи худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон рўй оварда таъкид намуданд, ки ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар замони муосир тарбияи насли худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст ва дорои фарҳангу маънавияти баланд яке аз масъалаҳои муҳиму асосӣ ба шумор меравад, зеро танҳо насли бо донишу соҳибкасб ва меҳандӯсту худогоҳ ин марзу буми аҷдодиро обод карда метавонад.
Иҷрои саривақтии нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва 70 фоизи сафарбар шудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба таври ихтиёрӣ худ аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии ҷавонон дарак медиҳад, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёмашон махсус қайд карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи " Масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи амал оид ба “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ғайра ибрози андеша карда шуд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки омӯзгорону зиёиёни асил ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар замони муосир бояд масъулияту вазифаи худро дар омӯзишу парвариши насли ояндасози кишвар амиқ дарк намоянд ва ҳамвора саъю кӯшиш кунанд, ки ҷавонон дар ҷодаи худшиносию худогоҳӣ ба арзишҳои муқаддаси миллию мазҳабӣ, Модар - Ватан, Президент, Истиқлоли давлатӣ, таърихи гузаштагони пурифтихорамон, шоирону бузургон, қаҳрамонони халқи тоҷик, ки ҷавҳари ҳастӣ ва бунёдии миллату давлати моанд, арҷ гузоранд ва ба давлату миллати худ содиқона хизмат намоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







