06 Январь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар арафаи 20 солагии таъсисёбии Ташкилоти чамъиятии "Маркази гуманитарии муосир" ба номи У. Шекспир дар шаҳри Хучанд Маркази тестӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳии он, ки дар бинои “Таҷсити” сурат гирифт, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, роҳбарияти марказ, волидайн ва шунавандагони Марказ иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Маркази тестии Ташкилоти ҷамъиятии "Маркази гуманитарии муосир" ба номи У. Шекспир дар шаҳри Хучанд аз 1 синфхонаи компютерӣ барои гузаронидани санҷишҳои марҳилавӣ ва ниҳоӣ, хамчунин 7 синфхонаи таълимӣ барои забономӯзӣ иборат мебошад. Дар ин Марказ дар баробари шунавандагон, ҳамчунин шаҳрвандони касбу кори гуногуни донандагони забонҳои хориҷӣ бо сатҳи забономӯзии хешро санҷида ва соҳиби Сертификат шуда метавонанд.
Бояд гуфт, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ борҳо зимни суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст. Ин аст, ки даҳсолаҳои охир дар мамлакат барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан англисӣ ва русӣ марказҳои омӯзиши забонҳо таъсис дода мешаванд.
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар замони имрӯза ҳар як шахси бомаърифат, махсусан, ҷавонон баробари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро бояд омӯзанд, ки ин талаботи ҷаҳони муосир аст.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспир дар шаҳри Хуҷанд наздик 20 сол инҷониб фаъолият дошта, ба омўзонидани забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, курсҳои интенсивии равоншиносӣ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, инсоншиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ бо забони англисӣ машғул аст. Дар Марказ зиёда аз 20 нафар омўзгорони соҳибтаҷриба, докторони илм, номзадони илм, Аълочиёни маориф бо маоши хуб ва ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади мубодилаи таҷриба ва афкор, баҳри баланд бардоштани донишу малакаҳои омӯзгорони Маркази гуманитарии муосир ба номи У.Шекспир аз кишвари Олмон коршиносон аз ҳисоби омӯзгорон-профессорони пуртаҷриба мунтазам даъват карда мешаванд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







