9626
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
31 Декабр 2025
СОЛИ ҶАШНӢ – СОЛИ ФАРАҲУ ШОДМОНӢ МУБОРАК!
Сокинони сарбаланди шаҳри хуршедии Хуҷанд, меҳмонони гиромӣ!
Соли 2025 бо ҳама дастоварду комёбӣ, бо ҳама бурду бохт ба ҳукми таърих мегузарад ва соли нави 2026 қадам ба остонаи ҳастӣ мемонад.
Дар маҷмўъ, соли куҳан соли навсозиву пешравиҳо, соли амалишавии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода мебошад. Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли хуҷандиёнро бо Соли нави 2026-ум самимона ва бо ифтихормандӣ табрику таҳният мегўям, ба хонадони ҳар нафар бахту саодат, шодию нишоти кўдакон, ба шаҳри азизамон Хуҷанд ва кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ободиву шукуфоӣ, сулҳу субот, амну оромӣ таманно мекунам.
Дар остонаи соли нав Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагони кишвар пешниҳод гардид ва дар баробари дастовардҳо сарвари мамлакат барои соли 2026 ва солҳои минбаъда дастуру супоришҳо доданд.
Пешвои миллат барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкории истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз пешниҳод намуданд, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад. Илова ба он, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди рушд доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» чораҷўйӣ карда шавад.
Дар баробари ин дастур даҳҳо супориш ба сохторҳои марбута расонида шуд, ки ҳама барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии босаодати мардум нигаронида шудааст.
Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он доштанд, ки “Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондўстона шиори зиндагии худ қарор додаанд”. Пас, сокинони шарафманду соҳибхиради Хуҷанди бостонӣ бо шукргузории ҳамешагӣ аз фазои сулҳу суботи комил таҳти роҳнамоӣ ва таваҷҷўҳи доимии Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои рўзафзуни Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар соли ҷашнӣ низ баҳри саҳмгузорӣ дар таъмини зиндагии шоистаю арзандаи ҳар сокини шаҳрамон корҳои назаррасро ба сомон мерасонанд. Мо ба нерўи созанда ва бунёдкорона, таҳаммулгароиву заҳматқаринии мардуми сарбаланди шаҳри Хуҷанд такя намуда, умед бар он дорем, ки тамоми имконияту дониши хешро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, ҳифзи дастовард ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар хоҳад намуд.
Бигзор Соли нави мелодии 2026-ум, соли 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар фарди ватандўсти тоҷик соли барору комёбӣ, муваффақияту музаффарият, амалишавии орзуҳои нек, соли пешрафту дастовардҳои нав ба нави меҳнатӣ гардад.
Соли нави 2026-ум муборак, ҳамдиёрони азиз!
Шарҳ додан