(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСОЛИ ҶАШНӢ – СОЛИ ФАРАҲУ ШОДМОНӢ МУБОРАК!

Сокинони сарбаланди шаҳри хуршедии Хуҷанд, меҳмонони гиромӣ!

Соли 2025 бо ҳама дастоварду комёбӣ, бо ҳама бурду бохт ба ҳукми таърих мегузарад ва соли нави 2026 қадам ба остонаи ҳастӣ мемонад.

Дар маҷмўъ, соли куҳан соли навсозиву пешравиҳо, соли амалишавии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода мебошад. Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли хуҷандиёнро бо Соли нави 2026-ум самимона ва бо ифтихормандӣ табрику таҳният мегўям, ба хонадони ҳар нафар бахту саодат, шодию нишоти кўдакон, ба шаҳри азизамон Хуҷанд ва кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ободиву шукуфоӣ, сулҳу субот, амну оромӣ таманно мекунам. Дар остонаи соли нав Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагони кишвар пешниҳод гардид ва дар баробари дастовардҳо сарвари мамлакат барои соли 2026 ва солҳои минбаъда дастуру супоришҳо доданд. Пешвои миллат барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкории истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз пешниҳод намуданд, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад. Илова ба он, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди рушд доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» чораҷўйӣ карда шавад. Дар баробари ин дастур даҳҳо супориш ба сохторҳои марбута расонида шуд, ки ҳама барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии босаодати мардум нигаронида шудааст. Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он доштанд, ки “Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондўстона шиори зиндагии худ қарор додаанд”. Пас, сокинони шарафманду соҳибхиради Хуҷанди бостонӣ бо шукргузории ҳамешагӣ аз фазои сулҳу суботи комил таҳти роҳнамоӣ ва таваҷҷўҳи доимии Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои рўзафзуни Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар соли ҷашнӣ низ баҳри саҳмгузорӣ дар таъмини зиндагии шоистаю арзандаи ҳар сокини шаҳрамон корҳои назаррасро ба сомон мерасонанд. Мо ба нерўи созанда ва бунёдкорона, таҳаммулгароиву заҳматқаринии мардуми сарбаланди шаҳри Хуҷанд такя намуда, умед бар он дорем, ки тамоми имконияту дониши хешро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, ҳифзи дастовард ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар хоҳад намуд. Бигзор Соли нави мелодии 2026-ум, соли 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар фарди ватандўсти тоҷик соли барору комёбӣ, муваффақияту музаффарият, амалишавии орзуҳои нек, соли пешрафту дастовардҳои нав ба нави меҳнатӣ гардад. Соли нави 2026-ум муборак, ҳамдиёрони азиз!
?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...