31 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Имруз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар остонаи Соли нави мелодӣ якчанд нафар собиқадорони арсаи меҳнатро мавриди аёдат қарор доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, Ӯғулой Неъматова, Инъомҷон Маҳмудов, Биомина Сатторова ва дигарон бо Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки соли рафтаистода барои мардуми тоҷик воқеан ҳамчун соли вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созанда ва иқдому ташаббусҳои ватандӯстона ба ҳисоб меравад. Зеро сокинони мамлакати мо дар ҳамаи самтҳои ҳаёти кишвар софдилонаву содиқона заҳмат кашиданд ва имрӯз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки сарзамини мо нисбат ба солҳои пешин ободтар ва зиндагии мардумамон хеле беҳтару осуда гардидааст. Давлату Ҳукумат бо чунин мардону занони матинрода, фарзона ва фазилатпешаи дуогӯйи миллат ифтихору сарфарозӣ менамояд.
Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу самимият болида гардида, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, дуо карданд, ки соли 2026 барои Тоҷикистони биҳиштосо соли музаффарияту комёбиҳои беназир гардад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







