31 Декабр 2025
Дар толори Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҷомеаи меҳнатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ ва муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода фаъолияти ин муассисаи таълимӣ дар соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.
Нахуст, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ н.и.т. Нурзода Амирҷон Рӯзихон баромад намуда, доир ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва илмию хоҷагидории муассисаи таълимӣ дар соли 2025 маълумоти муфассал дод.
Иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар 6 факултаи муассиса зиёда аз 4500 донишҷӯ таҳсили илм дошта, роҳбарият ва ҷомеаи устодон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки раванди азхудкунии дониш ҳамвора бо таҷрибаомӯзӣ тақвият дода шавад. Ҳамин аст, ки ҳамкории Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо 30 муассисаҳои тандурустии вилоят самарабахш ба роҳ монда шудааст. Хатмкунандагони мо дар тамоми муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ фаъолона кору меҳнат намуда истодаанд. Боиси қаноатмандист, ки барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва тақвияти донишҳои назариявӣ амалии донишҷӯён дар муассисаи мо озмуни малакаҳои ҳатми таҳти унвони " Дастони шифобахш" ва "Маҳфили беҳтарин "баргузор гардида ғолибон бо диплом ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд. Ҳамчунин ҳамасола дар муассиса озмуни "Омӯзгори беҳтарин" ва “Роҳбари гурӯҳи беҳтарин” баргузор гардида, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз мегарданд.
Ин иқдомҳо барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти омӯзгорон ва ҳавасмандгардонии онҳо мусоидат менамояд. Минбаъд низ диққати асосӣ ба тақвияти кафедраҳои сайёр, баланд бардоштани дараҷаи тахассуси устодон ва дар ин замина ҳар чи бештар ҳимояи рисолаи номзадӣ равона мегардад.
Яке аз василаҳои пешрафти соҳа ин тақвияти равобити хориҷӣ ва дар ин замина табодули таҷриба маҳсуб меёбад. Соли равон бо дастгирии Вазорати тандурустии кишвар, як гурӯҳ роҳбарону устодони Донишгоҳи бонуфузи Алфрангуси шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати шиносоӣ аз раванди таълим, пойгоҳи моддиву техникӣ ва табодули таҷриба ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ ташриф оварданд. Дар назар аст, ки дар доираи қарордод барои табодули таҷриба устодони муассиса барои такмили дониш ва маҳорат дар факултети тиббии Донишгоҳ Алфрангуси шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба курсҳои кутоҳмуддат фиристода шаванд. Ҳамчунин донишгоҳи номбурда метавонад дар ояндаи наздик муассисаро бо маводҳои электронии тиббии таълимашон бо забони русӣ таъмин намояд. Мо дар соли 2026 чунин робитаҳоро бо муассисаҳои таълимии тиббии дигар давлатҳои хориҷ густариш мебахшем.
Таъкид шуд, ки соли ҷорӣ Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ дар олимпиадаи тахассусӣ байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии ҷумҳурӣ сазовори ҷои сеюм гардид. Ҳамчунин ду нафар донишҷӯёни мо Моҳрӯ Авезиён ва Дилрабо Мамашарипова дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Илм- фӯрӯғи маърифат" дар номинатсияи “Биология” сазовори ҷои сеюм гаштанд. Донишҷуӣ бахши сеюми ихтисоси кори дандонсозӣ Саодат Восиева дар озмуни вилоятии "Донишҷӯи сол-2025" мақоми сеюмро касб намуд. Ҳамчунин соли ҷорӣ як нафар бо стипендияи Президентӣ, 12 нафар донишҷӯён ба стипендияи Раиси вилоят ва 2 нафар стипендияи Раиси шаҳр сазорвор гардиданд. Ҳамчунин дар муассиса стипендияҳои номии Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ ва Рофиев Мирзоҳамдам Қутфидинович амал мекунад, ки ҳамасола донишҷӯёни фаъоли муассиса бо он сарфароз мегарданд.
Дар самти варзиш бошад волейболбозони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ дар даври ниҳоии мусобиқа миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии кишвар мақоми дуюмро ба даст оварданд. Мусобиқа бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар пойтахти кишвар баргузор гардид.
Дар муассиса ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон "Сино" ва Ташкилоти ҷамъиятии "Созандагони Ватан" амал менамоянд, ва омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ фарҳангии шаҳру вилоят фаъолона ширкат меварзанд.
Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ дар озмуни шаҳрии видеоии "Миллӣ будан- зебо будан аст", ки аз ҷониби Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид сазовори Шоҳҷоиза шуд.
Мо бояд минбаъд низ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, обрӯю нуфузи ин боргоҳи илму маърифатро шоиста муаррифӣ намоем.
Сипас Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати Соли нави мелодӣ аз ҷониби муовини Раиси вилоят Ҷамшед Ҷӯразода ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш устодону донишҷӯёни фаъол ва ғолибони озмунҳо бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин собиқадорони муассиса бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Чун ҳамешагӣ дар остонаи иду ҷашнҳо ятимони кул бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







