30 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрўз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли нави мелодӣ ба зиёда аз 550 нафар кормандони Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд кўмакҳои ғизоӣ тақдим карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорон ва дигар кормандони масъули Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид дошт, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.
Раҷаб Аҳмадзода таъкид дошт, ки ҳар гоҳ, ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд, таровату мунавварии шаҳр ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати шумоён баҳои баланд медиҳанд.
Раиси вилоят рӯбандаю покизакоронро бо Соли нав таҳният гуфта, ба хонадонашони соли суботу оромӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои боз ҳам бештар гардида, ҳамаи нақшаву ниятҳои неки онҳо бо заҳмати ватандӯстонаашон амалӣ шаванд.
Кормандони Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд, ки аз кўмакҳои ғизоӣ, аз қабили орду равған, шакар, макарон, биринҷ, ширинӣ, тӯҳфаи соли навӣ ва ғайраҳо бархўрдор шуданд, миннатдории хешро ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳ изҳор доштанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







