(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Кохи «Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода вохӯриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сўйи ояндаи дурахшон мебошад. Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрўз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ҷамъбасти ҳар сол ё худ дар остонаи соли нав ба парламенти мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат яке аз рамзҳои давлатдории демократию ҳуқуқбунёд эътироф шудааст. Сипас, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ зимни суханронӣ нуктаҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дода, иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ки далели рушди босуботи кишвар мебошанд, мавқеи марказиро ишғол намуданд, Дар даҳ соли охир иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 3,4 баробар зиёд гардид. Танҳо дар соли 2025 ММД ба 173 миллиард сомонӣ расид ва суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Лозим ба зикр аст, ки даромади пулии аҳолӣ дар ин давра беш аз шаш баробар афзоиш ёфта, аз 26 миллиард сомонии соли 2015 ба 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонда шуд. Ҳамчунин, ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расид, ки ин нишонаи мустақими беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии ҳар як оила мебошад. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфта, дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид. Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир ҷомеаи имрӯзаро водор менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳо самаранок истифода гашта, ба омили иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Асоси пешрафти ҳар як давлату миллат иқтисодиёти устувор аст. Тавре дар Паёми Сарвари давлат таъкид гардид, дар даҳ соли охир иқтисоди миллии мо дар бахшҳои гуногуни он сифатан тағйир ёфтааст. Аз ҷумла: - Сармоягузорӣ: Барои таъмин намудани рушди кишвар дар даҳ соли охир беш аз 670 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 159 миллиард сомонии он сармояи хориҷӣ мебошад; - Бахши хусусӣ: Имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва дар шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад; - Рақамикунонӣ: Барои коҳиш додани омили инсонӣ, гузариши пурра ба раванди рақамии идораи молияи давлатӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ дар тамоми нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ вазифаи аввалиндараҷа гузошта шуд; - Бозори сармоя: Дар паёми имсола дастур дода шуд, ки Стратегияи рушди бозори сармоя таҳия карда шуда, ба муомилот баровардани қоғазҳои қиматноки «сабз» роҳандозӣ гардад. Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат барои дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва осон намудани дастрасии онҳо ба маблағҳои арзону дарозмуддат як иқдоми нав ва муҳим пешниҳод гардид, ки он таъсиси Фонди кафолати қарзҳо мебошад. Дар даҳ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 143 миллиард сомониро ташкил додааст, вале танҳо 38 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки ин нишондиҳанда ҳанӯз кофӣ нест. Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шуданд, ки барои ҷалби бештари сармоя ва афзоиши қарздиҳӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, тадбирҳои иловагӣ андешанд. Инчунин барои беҳтар намудани шароити зисти мардум дастур дода шуд, ки механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекиро такмил дода, ҳаҷми ин қарзҳо ба аҳолӣ зиёд карда шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки соҳибкороне, ки барои гирифтани қарз гарави (залог) кофӣ надоранд, тавассути кафолати ин Фонд ба сармояи зарурӣ дастрасӣ пайдо кунанд ва истеҳсолотро васеъ намоянд. Дар самти саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми стратегии мост, дастовардҳои таърихӣ ба даст омадаанд. Дар давраи татбиқи ин ҳадаф (солҳои 2019–2025) беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ бунёд ва ба истифода дода шуд. Танҳо дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, суръати рушди соҳа 22 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан дар ин муддат 3,4 баробар афзоиш ёфта, номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ аз 3 номгӯи соли 1991 ба 17 номгӯй дар соли 2025 расонда шуд. Барои панҷ соли минбаъда вазифа гузошта шуд, ки рушди солонаи соҳа дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин гардида, Барномаи нави саноатикунонии кишвар барои солҳои 2026-2030 қабул ва амалӣ карда шавад. Қобили таъкид аст, ки суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дод ва ҳадаф гузошта шуд, ки ин нишондиҳанда дар панҷ соли оянда аз 25 фоиз кам набошад. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзода Ғулом Ғанӣ оид ба масъалаи самтҳои меҳварии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ибрози андеша намуда, аз ҷумла афзуд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Мояи ифтихори мост, ки гузаштагони некномамон – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои ғаниву рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши равандҳои ҳамгироии фарҳангӣ масъалаи ҳифз, эҳё ва рушди арзишҳои милливу тамаддунӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Дар ин замина Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе ва бо мақсади тақвияти аҳаммияти ҷашни байналмилалии Наврӯз ва бодарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи он бунёди Маркази байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Душанбе зарур донистанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки татбиқи ҳадафҳои болозикр Тоҷикистонро ба кишвари пешрафта, ҷомеаи донишбунёд ва миллати соҳибфарҳангу тамаддунсоз табдил хоҳад дод. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати калоне ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, шуғли аҳолӣ ва дастгирии занону ҷавонон бахшида шудааст. Президенти мардумӣ дар сиёсати хеш ободии сарзамин, зиндагии босаодати шаҳрвандон ва амнияту осудагиро дар мадди аввал гузошта, гаштаву баргашта таъкид бар бузургии миллати тоҷик карданд ва ҳамчунин дар назди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати асосии худро дар таъмини амният ва фароҳам овардани зиндагии шоиста маънидод сохтанд. Сиву чор соли соҳибистиқлолӣ воқеан нишон дод, ки дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат рушд ва некӯаҳволии халқи маҳбуб меистад. Ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки танҳо дар даҳ соли охир дар кишвар 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Буҷети соҳа аз 1 миллиарду 37 миллион сомонӣ дар соли 2015 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонда шуда, ба андозаи 4,2 баробар афзудааст. Бо мақсади таъмини солимии аҳолӣ, истифодаи мақсаднок ва самараноки иншооту таҷҳизот ва маблағҳои пешбинишаванда Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки масъалаи мукаммалсозии низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, гузариш ба низоми ғайринақдии пардохти хизматрасониҳо ва дигар масъалаҳои соҳаро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намояд ва ҷиҳати татбиқи ислоҳоти навбатӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешад. Зарур аст, ки ҷавобан ба дастгириҳои Ҳукумати кишвар масъулин бояд тадбирҳои амалӣ андешанд. Президенти маҳбубамон қайд карданд: «Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад». Мулоқот бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...