29 Декабр 2025
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Мукаррамхон Бузрукова рафта, мавсуфро бо фарорасии рӯзи милод ва соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт.
Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, ки дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хидматҳои бонувон ва қадршиносию эҳтироми онҳо ҷойгоҳи хосса дорад. Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа тадбирҳои судманд меандешанд. Амалишавии ин сиёсат дар вилояти Суғд бо нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода низ ба мушоҳида мерасад ва садҳо бонувон дар мартабаҳои гуногуни хизмати давлатӣ ва идораву муассисаҳо кору фаъолияти намунавӣ доранд.
Раиси шаҳр аз хизматҳои Мукаррамхон Бузрукова ёдовар шуда, саҳми ӯро дар пешрафти ҷомеа бахусус таълиму тарбияи насли наврас назаррас арзёбӣ намуд. Мавриди зикр аст, ки Мукаррамхон Бузрукова соли 1946 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Номбурда тӯли зиёда аз 50 сол дар соҳаҳои маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ кору фаъолият намуда, имрӯз низ яке аз занони пешқадам ва пешбарандаи сиёсати Давлату Ҳукумат мебошад.
Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Мукаррамхон Бузрукова низ бо қаноатмандии зиёд барои чунин таваҷҷӯҳ ва эҳтироми хоса чиҳати зоҳир намудани ғамхори нисбат ба пирону барҷомондагон, собиқадорони меҳнат ва дигар қишрҳои ҷомеа ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосгузорӣ намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







