16 Феврал 2015
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур беҳдошти тарбияи ҳарбӣ-варзишии ҷавонон, бедор намудани ҳурмату эҳтиром нисбати Артиши Миллӣ, содиқона муҳофизат намудани диёри худ, омода ва қавӣ гардонидани ҷавонон аз чиҳати ҷисмонӣ, омодагии ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши донишу малакаи касбии ҷавонон мебошад. Тибқи низомномаи мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан», дастаҳо аз мактабҳои таҳсилоти миёна умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр иштирок доштанд.
Мусобиқа аз рӯи намудҳои ҳаракатҳои сафӣ, иҷро кардани амалиётҳои сафгарди ҳамаи даста, давидан ба масофаи 100 метр, ҳаво додани норинчак ба масофа, кашидани вазн, варзнбардорӣ (16кг), ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои яроқи АК, тирҷойкуни ба тирдонандозӣ, тирпаррони аз туфанги пневматикӣ дар масофаи 10 метр баргузор гардид.
Ба мусобиқа беш аз 500 нафар ҷавонон ҷалб гардида, дар натиҷа дастаҳои гимназияи №13, МТҒ «П.Пӯлотов» сазовори ҷои якум, дастаҳои гимназияи №4, Литсейи донишкадаи политехникӣ сазовори ҷои дуюм ва дастаҳои МТМУ №14, МТҒ «Мактаби Иршод» сазовори ҷои сеюм гардиданд. Ғолибон бо ҷом, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуданд.