26 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо садо додани Суруди миллӣ иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум ба кори худ оғоз намуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иҷлосияро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум вакилони шаҳрӣ, муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр даъват шудаанд ва дар толор ҳозиранд.
Дар кори иҷлосия ҳамчунин муовини аввали Раиси вилоят Суҳайлӣ Қурбонзода ширкат намуд.
Баъди тасдиқи рӯзномаи иҷлосия вакилон ба баррасии он шуруъ намуданд.
Зимни баррасии масъалаи якуми рўзнома «Дар бораи эътироф кардани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум аз ҳавзаи интихоботии Суғдиён, № 31» ахбороти раиси Комиссияи шаҳрии интихобот Муҳайё Акмалхўҷаева шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар интихоботи миёнадаврӣ номзади ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии Суғдиён, № 31» Шероз Муъминзода бо бартарии овозҳо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб шуд.
Сипас дар наздики вакилон Шероз Муъминзода савганд ёд намуд.
Дар масъалаи дуюми рўзнома «Ҳисоботи Раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар 11 моҳи соли 2025» шунида шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иттилоъ дод, ки давоми 11 моҳи соли равон дар тамоми ҷабҳаҳои шаҳрдорӣ муваффақиятҳо ба мушоҳида мерасанд.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда дар раванди истифодаи самараноки захираю манбаҳои буҷетӣ, инчунин хароҷотҳои мақсаднок ва роҳ надодан ба маблағгузориҳои дуюминдараҷа дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети умумии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 937,0 млн. сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбати нақша 111,4 млн. сомонӣ зиёд ва ё 113,5 фоизро ташкил медиҳад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 232,1 млн. сомонӣ ё 32,9 дар сад афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 356,5 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, амалан иҷрои он 397,4 млн. сомонӣ ва ё 111,5 фоизро ташкил намуда, нисбати нақша ба маблағи 40,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 98,0 млн. сомонӣ ё 32,7 дар сад зиёд шудааст.
Ба раванди корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ тақвияти рўзафзун дода шуда, дар шаҳр бо истифода аз тамоми имконияту захираҳо бо маблағгузории давлатию бахши хусусӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.
Дар ин ҷода, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 1466,5 млн. сомониро ташкил дода, ба маблағи 1377,3 млн. сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта мутаносибан 1,8 ва 2,2 маротиба афзоиш ёфтааст. Аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ бошад, дар ҳаҷми 202,6 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Аз тарафи корхонаҳои пудратии шаҳр ба маблағи 1193,2 млн. сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуда, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар музокираи масъалаи мазкур котиби комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба қонуният, ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохти маъмурию ҳудудӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Хубҷам, №33 Мунзифа Ҷабборӣ баромад намуда, андешаҳояшро баён дошт.
Дар масъалаи «Дар бораи қабули буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2026» сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шўҳрат Искандарӣ баромад намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки қисми даромади буҷети умумии шаҳри Хуҷанд дар соли 2026 ба маблағи 1 миллиарду 167 миллион сомонӣ ва ё худ нисбат ба буҷаи соли 2025 29, 4 фисад зиёдро ташкил медиҳад.
Маърўзаи иловагӣ аз рўи масъалаи мазкур муовини раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба иқтисод, молия ва идораи моликияти коммуналӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Ваҳдат, № 30 Дилрабо Хоҷаева баромад намуд.
Вакилон ҳисоботҳои раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот” вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Гулистон, № 15 Мирзобаҳодур Шаҳноза Раҳмон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Қалъаи Хуҷанд, № 17 Умеда Гадойбоеваро оид ба амалисозии ваколати вакилӣ» шунида, онро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни иҷлосия вакилон масъалаи «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд» ва «Дар бораи ҷонибдорӣ намудани лоиҳаи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд», ки аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Рифъат Ҳоҷиев, № 28, Суҳроб Самадзода пешниҳод шуд, баррасӣ намуда, онро тасдиқ карданд.
Ҳамчунин як қатор қарорҳои Раиси шаҳр, ки дар давраи баъди иҷлосияи пешинаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр қабул шудаанд, аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.
Суҳайлӣ Қурбонзода, муовини аввали Раиси вилояти Суғд дар иҷлосия баромад намуда, доир ба масъалаҳои матраҳшуда фикру назари хешро баён дошт.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иҷлосияро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паём аз 16 декабри соли 2025 қайд карданд, ки “То рўзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вақти хеле кам мондааст. Мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем.
Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кўчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Яъне ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад”.
Дар робита ба суханони ҳидояткунандаи Пешвои миллат фаъолияти дастаҷамъонаи ҳар яки мо, вакилон ва фаъолони шаҳр ба он нигаронида шавад, ки мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дўст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доимо дар фикри ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки мо бо мардуми ватандўсту заҳматкаши Хуҷандшаҳр тамоми нияту нақшаҳои некамонро амалӣ мегардонем ва барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзодаро бо эҳсоси гарми ватандўстӣ иқдом намуда, дар соли нави 2026 - соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардошта, Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафтаву неруманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегирем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







