26 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ кӯдакистони №36-и шаҳри Хуҷанд машварати доимоамалкунанда мудирони муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Мадина Салимзода ва мудирони муассисаҳои томактабӣ ва хусусии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Дар машварат якчанд масоили мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, ба татбиқи босифати Барномаи таълимии томактабӣ аҳамияти махсус зоҳир карда шуд ва таъкид шуд, ки барои рушди зеҳнию маънавии кӯдакон ва омодагии онҳо ба таҳсилоти минбаъда заминаи устувор фароҳам меорад.
Ба масъулин тавсия дода шуд, ки дар фаъолияти таълимӣ бештар ба усулҳои интерактивӣ, фаъолиятҳои гурӯҳӣ ва бозӣ таваҷҷуҳ намуда, муҳити муассисаҳоро ҷолиб ва фароғатӣ гардонанд.
Иштирокдорони машварат бо фаъолияти маҳфилҳои амалкунанда дар МТТ №36 аз наздик шинос шуданд.
Зикр шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба роҳбарони муассисаҳо имконият доданд, таҷрибаи ҳамкорони дигарро омӯзанд ва идеяҳои нави фаъолиятро барои беҳтар намудани сифати таълим ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон ба кор гиранд.
Дар ҷараёни машварат оид ба ташкили муҳити тарбиявӣ, риояи талаботи педагогӣ ва санитарӣ-эпидемиологӣ, ҳамчунин баррасии мушкилот ва пешниҳодҳои мураббиён мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







