(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМулоқот навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии мамлакат Мавсума Муинӣ ва Ғулом Ҳалимзода бо аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд дар гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аз ҷумла афзуд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар собит сохт, ки маориф, илм ва фарҳанг ҳамчун рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ва кафили ояндаи устувори миллат дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доранд. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро сармоягузории мустақим ба ояндаи дурахшони миллат арзёбӣ карданд. Таъкид шуд, ки маориф ва илм на танҳо василаи омӯзиш, балки заминаи ташаккули инсонҳои соҳибмаърифат, ватандӯст ва худшинос мебошанд. Тавре дар Паём таъкид гардид, имрӯз зиёда аз 21 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ ба соҳаҳои маориф ва илм равона мешавад. Танҳо дар соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба солҳои қаблӣ афзоиши назаррасро нишон медиҳад. Ин сиёсати молиявӣ далели равшани он аст, ки давлат ба рушди сармояи инсонӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва пешгӯии расидани шумораи хонандагон ба чор миллион нафар дар 25 соли оянда, масъалаи омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ аҳаммияти стратегӣ пайдо мекунанд. Гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таҳсил ва такмили Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030 аз ҷумлаи иқдомоти муҳимме мебошанд, ки дар Паём ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Дар баробари маориф, рушди илм низ ҳамчун омили калидии пешрафти давлат баррасӣ мегардад. Бо ташаббуси Тоҷикистон эълон гардидани солҳои 2025–2034 ҳамчун «Даҳсолаи илмҳои криосфера» нишон медиҳад, ки илми тоҷик тадриҷан ба сатҳи байналмилалӣ ворид шуда истодааст. Омӯзиши пиряхҳо, захираҳои об ва тағйирёбии иқлим на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки аҳаммияти ҷаҳонӣ дорад. Табдил додани Маркази омӯзиши пиряхҳо ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо заминаи мустаҳками рушди илмии ин самт хоҳад шуд. Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки дар Паёми Президенти кишвар масъалаи ҳифз ва рушди мероси фарҳангиву таърихӣ низ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар даҳ соли охир сохтмон ва азнавсозии садҳо иншооти фарҳангӣ, бунёди Театри миллӣ дар шаҳри Душанбе ва ворид гардидани ёдгориҳои Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО далели таваҷҷуҳи ҷиддии давлат ба ин самт мебошад. Ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ имрӯз ба сатҳи ҷаҳонӣ баромада истодаанд. Эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» аз ҷониби ЮНЕСКО ифтихори бузурги миллӣ буда, масъулияти моро барои ҳифз, эҳё ва омӯзиши ин ҳунарҳо бештар мегардонад. Дар баробари ин, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа бе китоб ва мутолиа ғайриимкон аст. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва ба аҳолӣ ройгон тақдим гардидани зиёда аз 3 миллиону 200 ҳазор нусхаи китобҳои «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ иқдоми бесобиқа дар таърихи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин китобҳо на танҳо осори илмӣ ва адабӣ, балки сарчашмаҳои асосии худшиносии миллӣ ва тарбияи наслҳои оянда мебошанд. Дар ин зимн, масъалаи тарҷума, нашр ва ба мардум дастрас шудани Қуръони Карим низ аҳаммияти хоси худро дошт. Қуръон ҳамчун китоби муқаддас ва сарчашмаи ахлоқу маърифат ба забони фаҳмо ва саҳеҳ ба дасти мардум расид, то ҷомеа аз арзишҳои инсондӯстона, адолатпарварона ва маънавии он баҳра баранд. Ин иқдом, бешубҳа, дар пешгирии хурофот, таассуб ва ҷаҳолат нақши муассир мебозад ва ба таҳкими ахлоқи ҷомеа мусоидат менамояд. Дар ҷараёни мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғулом Ҳалимзода низ баромад кард. Дар вохӯрӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...