25 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор шуд. Чорабинӣ дар толори ҶДММ «Ҷавонӣ» бо иштироки кормандон ва намояндагони сохторҳои марбута доир гардид.
Дар мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ва вакил Ғулом Ҳалимзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавсума Муинӣ зимни баромади худ доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, вазифаҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҷавонон ва таҳкими некуаҳволии мардумро шарҳ дод.
Зикр гардид, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ роҳнамои фаъолияти минбаъдаи тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа ба ҳисоб рафта, татбиқи пайгиронаи он ба рушди устувори мамлакат мусоидат менамояд.
Дар мулоқот инчунин муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ва муовинони раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳсадсалим Ҳаитов иштирок доштанд. Иштирокчиён саволҳои худро матраҳ намуда, посухҳои мушаххас дарёфт карданд.
Мулоқот дар фазои созанда ва муколамаи боз баргузор шуда, ба таҳкими робитаи вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон мусоидат намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







