25 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд Тӯтинисо Атаева дар синфи 1-уми муассисаи таълимӣ дарси намунавӣ, ҷамъбастӣ ва натиҷагирӣ аз давраи фанни “Алифбо”-ро гузаронд.
Дарс дар сатҳи баланди намунавӣ гузаронида шуд. Омӯзгор ҳар як лаҳзаҳои дарсро эъҷодкорона ташкил намудааст. Хонандагонаш нутқи бурро, равон ва хело зиракона ба саволҳо ҷавоб доданд. Ӯ тавонистдар дили кӯчаки бачагон меҳри худро ҷой кунад. Вай толибилмонашро ба тарбияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия менамояд.
Дарсро омӯзгорон муассиса ва волидайни муҳассилин мушоҳида намуданд.
Бояд қайд намуд, ки Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯтинисо Атаева аз соли 1978 ҳамчун омӯзгори пуртаҷриба, серталаб, эъҷодкор, хоксор ва хушмуомила фаъолият мебаранд. Дар тӯли 49 соли собиқаи корӣ якчанд дарсҳои намунавӣ, эъҷодӣ, тарбиявӣ ва шаҳрӣ гузаронидааст.
Атаева Тӯтинисо ҳамчун тренери сатҳи Ҷумҳуриявӣ дар якчанд лоиҳаҳои таълимӣ кору фаъолият кардааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







