24 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар фазои идона 9 нафар ғолибони Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор (AMС–2025), ки муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд буданд, роҳбарияти шуъбаи маориф, омӯзгорон ва волидайн самимона истиқбол намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 14 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандсозии ғолибони Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор (AMС–2025) баргузор гардид.
Дар ин олимпиадаи бонуфуз беш аз 1600 нафар хонанда аз 13 кишвари осиёӣ иштирок намуда, сатҳи баланди донишу маҳорати зеҳнии худро ба намоиш гузоштанд. Дар миёни чунин рақобати шадиди байналмилалӣ дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои назаррас баромад карда, обрӯи илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт.
Боиси ифтихор аст, ки дар Олимпиадаи мазкур хонандагони тоҷик дар умум 51 медал ба даст оварданд, ки аз ин шумора 14 медали тилло, 17 медали нуқра, 15 медали биринҷӣ мебошад, инчунин 5 нафар намояндаи навраси Тоҷикистон бо гирифтани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтаринҳо шомил гардида, маҳорати баланди илмӣ, тафаккури таҳлилӣ ва омодагии ҷиддии худро собит намуданд. Ин дастовард далели равшани рушди маориф, дастгирии истеъдодҳо ва самаранокии сиёсати давлатии соҳаи илму маориф дар кишвар мебошад.
Аз шаҳри Хуҷанд дар ин олимпиадаи бонуфуз 9 нафар хонандагони литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил, гимназияи “Кавсар” мактаби миёнаи умумии Руссияву Тоҷикистон иштирок фаъолона намуда, 6 нафар мақоми аввал ва 3 нафар ҷойи дуюмро ба даст оварданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







