22 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Таҳти чунин унвон дар МТМУ №6 силсилаи чорабиниҳо пиёда карда шуд, ки ҳадаф тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад.
Дар синфхонаҳои алоҳида бо ҷалби васеъи хонандагон иншои беҳтарин дар мавзуъи “Зардпарвин-бемории сирояткунанда”, расми беҳтарин “Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ-асоси солимӣ” сурат гирифта, дарси кушоди намунавӣ дар мавзуъи “Беҳдошти даст. Қоидаҳои дастшӯйӣ” гузаронида шуд.
Ҳамчунин мулоқоти хонандагон бо намояндагони соҳаи тандурустӣ доир ба қоидаҳои беҳдоштӣ ва парҳез аз бемориҳои сироятӣ ташкил гардид.
Таъкид шуд, ки фаъолияти иҷтимоии инсон, оқилона ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва истироҳати фаъол дар реҷаи рӯз, дуруст ташкил намудани фароғати фарҳангӣ, ҳаракати фаъоли муносиб, гигиенаи шахсӣ, истифодаи қувваҳои шифобахши табиат (офтоб, ҳаво, об), хурду хӯроки дуруст, ҳолати сиҳатии психологӣ дар оила, фаъолияти меҳнатӣ ва таълимӣ дар коллектив. Ҳамаи инҳо бо ҳамдигар вобаста буда, ба омилҳои тарзи ҳаёти солим дохил мешаванд. Инсон – ин ягонагии ногусастании биологӣ ва иҷтимои мебошад. Шахси фаъол ва мақсаддор намегузорад, ки рӯҳу танаш танбалӣ кунад, муддати дароз ҷавонӣ ва зиндадилиро нигоҳ дошта, ҳатто дар пирӣ низ қувваи созандаи эҷодиашро давом медиҳад.
Дар муқобил, беғайратии иҷтимоӣ, даст кашидан аз қуллаҳои мақсад, мурдадилӣ, набудани машғулияти дӯстдошта, бефаъолиятӣ, ба олами ғуссаҳо рафтан, руҳафтодагӣ, афсурдаҳолӣ шахсро ба таназзул оварда мерасонад.
Зардпарвини вирусӣ беморие аст, ки тавассути об интиқол меёбад, шахс гирифтори дарунравӣ ва дигар оризаҳо мешавад. Роҳи асосии пешгирӣ кардани ин бемориҳо- риоя кардани ҳолати гигиенӣ ва санитарӣ аст. Волидайн бояд ба кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, тез-тез дастҳояшонро бо собун шустушӯ кунанд ва хӯрокро хуб пазанд.
Аз тарафаи мутахасисон ба хонандагон иҷрои қоидаҳои беҳдоштиро амалан нишон дода шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







