959
(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)
13 Феврал 2015
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сари вакт қабул баррасӣ ва ҳалли мушкилоти сокинон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҳсуб меёбад. Аз оғози соли равон 5 нафар сокинони маркази вилоят,- сокини кӯчаи Ленинградская № 36 Домуллоҷон Усмонов, сокини кӯчаи Ленин хонаи № 79 ҳуҷраи №11 Асрор Эргашев, сокини микронрҳияи 8 хонаи № 35 ҳуҷраи № 32 Ҳалимов Неъмат, сокини кӯчаи «Пахтакор» хонаи № 1 ҳуҷраи № 39 Муборак Тошматова барои ҳамсараш ва маҷрӯҳи гурӯҳи якум Зокирбой Қосимов бинобар маҳдудияти имконияташон барои дастрасии аробачаи маюбӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроиат намуда буданд.
Тибқи супориши Рачаббой Аҳмадзода намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии шаҳри Хучанд Фирдавс Комилов ба аёдати шахсони эҳтиёҷманд рафта, ба онҳо аробачаи маюбӣ супорид.
Дар навбати худ шахсони кӯмакгирифта барои ғамхорию кӯмак ба давлату ҳукумат изҳори сипос намуданд.
Шарҳ додан