20 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори варзишии навбунёди гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд, ки чанде қабл мавриди истифода қарор дода шуда буд, байни муҳассилини муассисаи таълимӣ мусобиқаи «Офарин» баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ хонандагон дар панҷ намуди варзишии мувофиқ ба синну соли худ ҳунар санҷида, кӯшиш намуданд, то чолокӣ, зиракии ҳаракат ва ҳамкорӣ дар гурӯҳи худро ба намоиш гузоранд.
Ҳар ду даста бо руҳияи баланд ва ҷавҳари рақобати солим иштирок намуда, барои дарёфти бартарӣ талош карданд. Мусобиқа бо эҳсоси гарми дӯстӣ, эҳтиром ва шавқу завқи наврасон гузашт.
Мусобиқаро доварон, аз ҳисоби омӯзгорони гимназияи №4 муайян шуда буданд, мушоҳида ва баҳогузорӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки мусобиқаи мазкур бо ҳадафи ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ миёни хонандагон ва рушди маҳорати ҷисмонии онҳо ташкил карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







