15 Декабр 2025
Тибқи нақша-чорабинии шуъбаи маориф дар МТМУ №17-и шаҳри Хуҷанд дарси кушоди шаҳрӣ аз фанни табиатшиносӣ бо иштироки омӯзгорони синфҳои ибтидои муассисаҳои таълимӣ ва меҳмонон баргузор гардид.
Машғулияти намунавиро омӯзгори муассиса Мадина Ашӯрова гузаронд. Мавзуъи дарс "Абр ва пайдоиши он" ном дошт.
Дар ҷараёни дарс аз ҷониби омӯзгор Мадина Ашӯрова иттилоъ дода шуд, ки абр аз қатраҳои хурдтарини об ё зарраҳои ях иборат аст. Абр омили муҳими обу ҳавост, ки низоми бориши атмосфериро муайян мекунад ва ба мизони ҳарорати атмосфера таъсир мерасонад. Абр ба ҳисоби миёна қариб ними гунбази осмонро мепӯшад ва то 109т об дорад. Буғи об асосан дар қисми поёни атмосфера – тропосфера воқеъ мегардад. Бинобар ин, бештарини абрҳо дар баландиҳои гуногуни он пайдо мешаванд.
Ҳар гоҳ ки ҳавои нам сард шуда, ба ҳарорати буғи сер, яъне то нуқтаи ҳосил гардидани шабнам расид, абр пайдо мешавад. Хунукшавии ҳаво ба туфайли васеъшавии адиабатӣ ҳангоми ҳаракати амудии он ба амал меояд, ки ин натиҷаи конвексияи термикӣ ва динамикист. Ҳангоми ба серӣ расидани буғи об дар натиҷаи конденсатсия дар сатҳи зарраҳои хурди гигроскопӣ: чанг, ғубор, маҳсули дуд ва ғайра, ки ядрои конденсатсияанд, қатраҳои нав пайдо мешаванд. Сараввал қатрачаҳои абр аз ҳисоби конденсатсияи буғи об меафзоянд; минбаъд қатраҳо ба якдигар бархӯрда якҷоя мешаванд, яъне коагулятсияи элементҳои абр ба амал меояд. Ба туфайли коагулятсия қатрачаҳои Абр то ба андозаи қатраҳои борон мерасанд ва дар шароити муайян аз Абр ба шакли бориш фуруд меоянд. Дар ҳудуди ҳароратҳои манфӣ абр аз қатрачаҳои об, зарраҳои ях ё омехтаи онҳо таркиб ёфта метавонад. Абрҳо аз рӯи намуди зоҳирӣ ва баландии асоси худ аз якдигар фарқ мекунанд. Дараҷаи бо Абр пӯшида шудани гунбази осмон бо мафҳуми абрнокӣ ифода меёбад. Абрнокиро аз рӯи шкалаи даҳбалла ва шакли онро аз рӯи таснифоти байналхалқӣ муайян мекунанд. Балли осмони беабр ба сифр ва осмони пурра абрпӯш ба 10 баробар аст. Баландии абрҳоро визуалӣ (бо дид) ё бо ёрии кура-зондҳо муайян кардан мумкин аст.
Дарси намунавӣ бо истифода аз айёният ва иштироки фаъолонаи хонандагон сурат гирифт.
Машғулияти намунавӣ аз ҷониби мушовири синфҳои ибтидоии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Дилбар Абдуллоева, муовини директор оид ба илм ва иноватсия Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи илм ва маорифи вилояти Суғд Шаҳноз Каримӣ ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ мушоҳида ва таҳлилу баррасӣ карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







