01 Декабрь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори филиали хуҷандии Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам, ки ҳамасола 1-уми декабр таҷлил карда мешавад, конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Роҳи дуруст-роҳи ҳифзи ҳуқуқи инсонро интихоб намоед” баргузор шуд.
Конфронсро мудири кафедраи терапияи фанҳои тахассусӣ Абдушукур Ҷӯраев ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки ҳаёти солиму беҳтар барои ҳар инсон муҳимтарин арзиши зиндагист. Барои ҳифзи ин арзиши олии шаҳрвандон давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чораҳои зарурӣ меандешад. Мубориза бар зидди паҳншавии вируси норасоии масунияти одам, ҳифзи ҳуқуқҳои одамони ба ин вирус сироятёфта ва ба табобати ройгон фаро гирифтани онҳо дар меҳвари табдирҳо ҷиҳати сиҳатии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки вируси норасоии масунияти одамро ба оилаи вирусони иртиҷоӣ, ҷинси лентивирусҳо дохил мекунанд. Барои мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ табирҳои мушаххас андешида мешавад. Барномаи муштараки Созмони Миллали Мутаҳид оид ба мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти одам яке аз муҳимтарин барномаҳои муқовимат бо ин беморӣ мебошад.
Донишҷӯи соли дуюми ихтисоси момодоягӣ Жасмина Фозила дар мавзуъи “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО-ВИЧ/СПИД маърӯза намуд.
Сипас саҳначаи ҷолибе оид ба сироятёбӣ ба бемории ВНМО намоиш дода шуд.
Дар ҷараёни конфронс викторина ва озмуни “Газетаи девории беҳтарин” байни муҳассилин таҳти унвони “Мубориза барои ҳаёти солим” гузаронида шуда, ғолиб муайян шуданд.
Конфронсро директори коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон Маъруфҷон Холматов натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар воқеъ, ҳар як нафарро зарур аст, ки нисбати вируси норасоии масунияти одам эҳтиёткор бошад, сари вақт барои муқовимат ва пешгирӣ ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ муроҷиат намояд, зеро ин беморӣ оқибатҳои хуб надорад. Дар муқобили паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб ҳар як шаҳрванд бояд масъулиятшинос бошад, то ки барои наслҳои оянда ҷомеаи солиму орӣ аз ҳар гуна бемориҳоро боқӣ гузорем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







