(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол – 2025» доир гардид.

Озмун дар доираи иҷрои «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ва Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузаронида шуд. Дар озмун ҳунармандони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар панҷ номинатсия — «Нонпазӣ», «Чакандӯзӣ», «Атласбофӣ», «Кулолгарӣ» ва «Кордсозӣ» беҳтарин намунаи ҳунарашонро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуданд. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, боло бурдани мақоми ҳунармандӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллиро дар меҳвари сиёсати созанда қарор додаанд. Ин иқдом барои зинда гардонидани суннатҳои гузашта ва тақвияти худшиносии миллӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. «Аз нав зинда кардан ва рушд додани анъанаю суннатҳои волою наҷиби халқамон ва дар ин радиф такя ба ҳунарҳои мардумӣ далели худшиносии миллӣ ва фарҳанги хоси миллӣ доштани халқи тоҷик мебошад»,– изҳор дошт Дилрабо Мансурӣ. Бояд гуфт, ки дар сохторҳои вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсолоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд идораю корхонаҳо барои азхуд намудани ҳунарҳои гуногуни миллӣ ва муосир даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ҳамасола нафарони зиёдро ба омӯзиш фаро мегиранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ то имрӯз якчанд санад қабул намудааст. Аз ҷумла, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ ва Номгӯйи касбҳои ҳунармандӣ, Шуро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод шудани ҳунармандон дар рушди иқтисодиёти мамлакат натиҷаҳои хуб медиҳад. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар озмун аз шаҳри Хуҷанд ҳунарманд Ӯктам Қобилов дар номиннатсияи "Беҳтарин ҳунари кордсозӣ" иштирок намуда, мақоми дуюмро ба даст овард. Ғолибони озмуни «Ҳунарманди сол-2025» бо ҷоиза, Диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...